Раиси Хонаи Озодӣ: "Боздошти Александр Содиқов ба одамрабоӣ монанд аст"
Freedom House ё Хонаи Озодӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба қазияи боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ равшанӣ андозад. Наздикону дӯстони Содиқов ӯро пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ мекунанд, вале мақомоти тоҷик мегӯянд, ӯ барои як кишвари хориҷӣ ҷосусӣ мекард ва барои ин боздошт гардидааст.
Дар изҳороти Freedom House, ки 17 июн нашр гардид, таъкид шудааст, “мақомоти қудратии Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зудтар дар бораи макони будубош ва вазъи Содиқов ба пайвандону ҳамкоронаш хабар диҳанд.” Дэвид Крамер, президенти Хонаи Озодӣ, гуфтааст, “шеваи боздошти Содиқов ба одамрабоӣ монанд буда, ӯ бояд ба вакили мудофеъ дастрасӣ дошта бошад.”
Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз ҷавонони тоҷики таҳсилдида дар кишварҳои хориҷӣ ба ҷонибдорӣ аз озодии Александр Содиқов дар интернет ба ҷамъоварии имзо пардохтаанд. Онҳо бо нашри изҳороте аз Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, озодии унвонҷӯи Донишгоҳи Торонторо хостаанд. Дар изҳороти ин ҷавонони тоҷик аз ҷумла омадааст, “боздошт шудани Аклександр Содиқов аз сӯи маъмурони амниятии Тоҷикистон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи давлати бегона мо як гуруҳи муҳассилин ва фориғуттаҳсили донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷиро сахт нигарон кардааст. Мояи нигаронии ин қазия дар он аст, ки фаолияти илмии Содиқов барои омухтани таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаллу фасли танишҳои дохилӣ равона шудаасту мақомоти тоҷик онро ҷосусӣ хондаанд.”
Ин донишҷӯёни тоҷик гуфтаанд, қазияи Содиқов сабаб мешавад, то онҳо худро ноамн дониста, дар фаъолиятҳои касбию илмияшон эҳсоси таҳқир кунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, малакаву дониши касб кардаашонро барои рушду пешрафти ватани худ истифода мекунанд.
Александр Содиқов, шаҳрванди Тоҷикистон ва унвонҷӯи Донишгоҳи Торонто, рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт гардид. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқовро тасдиқ кардва гуфт, ӯ дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст.
Бар асоси иттилои Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон, Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент буда, муваққатан бекор аст. Аммо Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, ки Александр Содиқов ҳангоми сӯҳбат бо ӯ боздошт гардидааст, иддаои мақомотро рад карда, мегӯяд, ӯ барои таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ ба Бадахшон рафта буд. Ба қавли Шерзамонов, Александр Содиқов ҳангоми суҳбат худро устоди Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |