Тавофуқоти Душанбею Исломобод ва имзои 5 созишномаи нав
Дар доираи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Навоз Шариф, сарвзири Покистон як қатор тавофуқот дар масоили сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ҳосил шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла ҳадаф гузошта шуд, ки давоми се соли оянда додугирифти мол миёни ду кишвар то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад: “Барои тавсиаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ осон намудани имконоти ҳамлу нақл ва транзитӣ зарур арзёбӣ гардид. Аз ҷумла омодасозии созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитии миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон ва пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чоргонаи Покистон – Чин – Қазоқистон – Қирғизистон басо муҳим дониста шуд.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки зимни мулоқот инчунин бунёди хатти барқии CASA-1000 ва татбиқи лоиҳаҳои дигари минтақавӣ баррасӣ гардиданд: “Ду ҷониб доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи мунтазираи Афғонистон ва хатарҳои терроризму ифротгароӣ табодули назар намуда, ҳавасмандии амиқи худро ба таҳкими ҳамгироии минтақавӣ бар зидди чунин таҳдидҳои ҷаҳони муосир таъйид намуданд.”
Манбаъ таъкид намуд, ки дар ниҳояти мулоқот миёни ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ;
- Ёдошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути Вазорати саноати нассоҷӣ дар бахши рушди соҳаи нассоҷӣ;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Департаменти китобхонаҳо, маъмурияти шаҳр ва шуъбаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон.
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод;
Сафари расмии Навоз Шариф фардо, 18-уми июн низ дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |