Бахшҳо
17 июн 2014 17:03Хабарҳои ҷаҳон

Барои аввалин бор як мусулмон комиссари ҳуқуқи башари СММ шуд

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Зайд Раад Зайд Ҳусейн – шоҳзодаи Урдунро ба мақоми комиссари олии ҳуқуқи башари ин созмон интихоб кард. Номзадии ӯ аз сӯи Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ва 193 кишвари дунё ҷонибдорӣ шудааст.

Ин шоҳзодаи урдунӣ то ҳол ба ҳайси намояндаи доимии кишвараш дар СММ кор мекард. Ӯ дар ин симат Нави Пиллайро иваз кард, ки аз соли 2012 раҳбарии дидбони ҳуқуқи башари СММ-ро бар уҳда дошт.

Шоҳзода Раад ибн Зайд ибн Ҳусейн фаъолияти худро дар ин симат аз моҳи сентябри соли ҷорӣ баъди ба поён расидани давраи раёсати комиссари вақт оғоз хоҳад кард. Вай дар нахустин баромади худ дар ҷаласаи расмии Маҷмаи умумии СММ гуфт, ӯ нахустин комиссари дидбони ҳуқуқи башари ин созмон аз миёни мусулмонону мардуми арабзабон ва фарзандони зодаи Осиё мебошад ва шояд таъйин шуданаш бар ин мақом, боиси таъмини ҳуқуқи башар дар ин минтақаи дунё ба мисли дигар қитъаҳо гардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)