Бритониё дар фикри боз кардани сафораташ дар Теҳрон аст?
Уилям Хейг, вазири умури хориҷии Бритониё тасмим дорад аз эълони ифтитоҳи сафоратхонаи кишвараш дар Теҳрон хабар диҳад, иттилоъ додааст Бӣ-бӣ-сӣ.
Гуфта мешавад, Хейг маълумоти бештарро дар ин бора дар парлумон ироа хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар пасманзари гармии муносибати Эрон ва кишварҳои ғарбӣ гирифта мешавад. Муносибатҳои дипломатии Бритониё бо Эрон соли 2011 қатъ шуд, аммо моҳҳои ахир дар муносибатҳои ду кишвар гармӣ эҳсос мешавад. Далели ин гармиро сари қудрат омадани Ҳасани Руҳонӣ мегӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |