ВИДЕО: Иштироки се паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Қазоқистон
Тоҷикистонро дар мусобиқаи варзишӣ оид ба муҳорибаҳои омехта, ки рӯзи 21 июни соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор мешавад, Умед Раҳматуллоев, Солеҳ Ҳасанов ва Амир Иброҳимов намояндагӣ хоҳанд кард. Аҳтам Хоқиров, мураббии Умеду Солеҳ ва Амир, мегӯяд, шогирдонаш дар вазнҳои 61, 90 ва +100 нерӯи худро месанҷанд.
Солеҳ Ҳасанов, яке аз ин варзишгарон, дар оғози моҳи июн дар сабқати кушодаи Аврупо дар риштаҳои самбои муҳорибавӣ, ҷию-ҷитсу ва греплинг дар Женева иштирок карда, бо медали тило ба Ватан баргашта буд. Солеҳ мегӯяд, баъд аз пирӯзӣ дар Женева, ӯ ва ҳамроҳони дигараш – Абдулло Асланов ва Худойдод Раҳмонов барои ширкат дар сабқати байналмилалӣ дар Бразилия роҳхат гирифтаанд, ки моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Солеҳ Ҳасанов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар мусобиқаи Женева рақибони онҳо хуб омодагӣ дида буданд, вале бо ёрии мураббии худ паҳлавонони тоҷик пирӯз шудаанд. Ӯ афзуд, умедвор аст, дар сабқати Қазоқистон низ бо дасти пур бармегарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |