Тасмими Обама баъд аз бедодгариҳои “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ)
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сафарбар шудани нерӯҳои низомии худ ба хоки Ироқ хабар медиҳад. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 16 июн гуфтааст, Кохи Сафед ба хотири ҳимояти сафоратхона ва шаҳрвандони худ дар Ироқ 275 сарбоз ба ин кишвар фиристодааст.
Обама таъкид кардааст, ин гуруҳи низомиёни амрикоӣ то муътадил шудани вазъ дар Ироқ дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд. Дубора сафарбар шудани низомиёни амрикоӣ ба хоки Ироқ дар ҳолест, ки ахиран Ҳаракати “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) эълон дошт, шаҳри дигареро дар шимоли Ироқ таҳти тасарруфи худ қарор додааст.
То кунун ин ҳаракати ба ном “исломӣ” шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби шаҳри Бағдод – пойтахти ин кишварро доранд. Дар расонаҳои хабарӣ ва манобеи интернетӣ акс ва наворҳои видеоие нашр шудааст, ки гӯиё 1700 навхати артиши Ироқ аз сӯи ҷанговарони ин ҳаракат кушта шудаанд.
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ мебошад, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ ва татбиқи шариати дини Ислом мебошад. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, аз раҳбари ин ҳаракат Абубакр ал-Бағдодӣ ном мебаранд. Ин ҳаракати ба ном исломӣ муташаккил аз ду гуруҳ мебошад - Ҳаракати “Давлати исломӣ дар Ироқ” ва Ҷабҳат ан-насра ли аҳли Шом, ки дар пайи оғози нооромиҳои Сурия аз сӯи мухолифини ҳукумати Башшор Асад таъсис ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |