Бахшҳо

Муродиён: “Вақте Тӯраҷонзода гап зад, хомӯш будед, ҳоло аз Хоналӣ душман метарошед”

Ҳасани Муродиён, устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, бо ирсоли номае назари худро дар бораи муроҷиати як гуруҳ хабарнигорон аз Хатлон ба раиси ҳамин вилоят -- Давлатшо Гулмаҳмадов ва вазири маорифу илм -- Нуриддин Саидов баён доштааст. Ин гуруҳи хабарнигорон аз раиси Хатлону вазири маориф ва илм хоста буданд, ба қазияи рӯзноманигор ва шоири ҷавон Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз) расидагӣ кунад. Ба қавли онҳо, мудири маорифи Хатлон дар чанд ҳолат гӯиё Солеҳавро барои либосаш таъна зада, монеи фаъолияти хабарнигорияш шудааст.


Номаи Ҳасани Муродиён:

“Муроҷиати як гурӯҳ журналистони хатлониро ба раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сомонаи “Озодагон” оид ба рафтори “ношоям”-и сардори Раёсати маорифи вилоят Хоналӣ Қурбонзода хонда, хеле мутаассир шудам.

Дар атрофи масъалаи “як пула савдо” арзишдошта сад пула ғавғо бардоштани журналистони хатлониро бори аввал мебинам, зеро қаблан садҳо масъалаҳои баҳсноке буд, ки эшон хомӯш буданд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Наврӯзро ҳаром ҳукм кард, аммо ягон журналисти вилоят профессорони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро дастгирӣ накарданд, вале имрӯз аз Қурбонзода душмани халқ метарошанд. Ман хуб медонам, ки қаблан ин журналистон худро дар либоси дӯст ҷилва медоданд, вале имрӯз алайҳи Қурбонзода табли ҷанг мезананд:

“Дӯст хуни ҷигарам мекунад, эй вой, агар,
Варақи меҳр бигардонаду душман гардад.”

(Толиби Омулӣ)

Ман аз Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз) сар карда, ҳамаи имзокунандагонро мешиносам ва яке аз онҳо фарзанди калонии ман аст (Зокир Ҳасан). Банда ҳайронам, ки шогирди мо ҷабрдида Шабафрӯз чаро худаш ба даҳон об гирифта хомӯш асту дигарон дар атрофи номи ӯ гап мезананд? Охир, ман хуб медонам, ки Солеҳова А. журналисти боистеъдод аст, қалами хуб дорад, шоираи тавоно низ мебошад, вале магар ӯ шарафи худро аз дигарон ҳимоя карда наметавонад? Баъдан, ман низ журналистам. Журналист барои ба даст овардани матлаб агар аз дар зананд, аз бом медарояд ва паси чунин суханҳо намегардад (Оқилон пайи нукта нараванд).

Инчунин, журналистони мо Хоналӣ Қурбонзодаро дар назари мардум чун як шахси дурушту дағали бадмуомила ҷилвагар сохтанд. Дар асл, ҳеҷ кас бе айб нест. Мову Шумо низ. Қурбонзода ҳам дар ин миён истисно нест. Тавре ки шоир гуфта:

“Накӯбин бош, агар ақлат ба ҷо аст,
Ки гар беайб меҷӯӣ, Худо аст!”


Агар муомилаи дурушти Қурбонзода шогирди мо Шабафрӯзро озурдахотир карда бошад, ман ҳамчун устод ба ҷойи Қурбонзода аз ӯ узр мепурсам. Чандин солҳо лозим мешавад, то ки як мутахассиси воқеӣ, як роҳбари кордон ва донишманд ба воя расад, вале барои шикастан ва дилмонда намудани ӯ лаҳзаяке басанда аст. Охир,

“Санге ба сад сол шавад лаълпорае,
Зинҳор ба як нафасаш нашканӣ ба чанг.”


Бинобар ин, журналистони муҳтарам, пеш аз навиштани ин матлаб як бор даст ба пешонӣ бурда, андеша кардан лозим буд, ки киро ва чаро мо сиёҳ мекунем? Оё косаи заррин агар шиканад, қиматаш кам мешавад? Ман оид ба ҷавонмардӣ, камбағалнавозӣ, ятимпарварии Қурбонзода метавонам садҳо саҳифаҳоро сиёҳ кунам. Он журналистон низ дар ин бора медонанд, вале худро нодида мегиранд. Боқӣ ҳакам Худост.

Ҳасани Муродиён,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор,
Аълочии маориф, матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон,
узви Иттиҳодияи журналистон”

Мӯҳр
Ростгуяк
Устод шумо хомуш истед барои чи аз номи дигарон узр мепрси ва барои чи худта дар миёни ин бахс мезани? Магар ичозат надодан барои кор худ як конуншикани нест? Бикзор хонли нависад ва узр хохад коратро кун охир.

вали
"ШАБАФРУЗ ХУДАШОН ЧАРО ХОМУШ"-ГУФТЕДУ
НАГУФТЕД "ХОНАЛИ ХУДАШОН ДАХОН ДОРАНД"
МУХТАРАМ УСТОД "ЖУРНАЛИСТ-АДВОКАТ"

Азиз бек
профессори точик хам якин медонад ки агар номи Чаноби Турачонзодаро нагирад мурочиатномаи уро касе намехонад.ээээээ кандата занед Мурдориён!

мадр
Аввал ин ки турачонзода ба ин бахс иртиботе надорад. Дуввум ин ки наврузро харом эълон накардааст(мутассифона). Ин одам мехохад диккати мардумро ба дигвр свмт чалб кунад. Ту рав якбори дигар он фатворо хон айнк дошта боши ба чашмвт гузор. Ба мазмуни гап сарфахм намерави! Вой бар холи донишчу ки аз ту таълим гирифтаачт.

Талаба
Акои аълочии маориф шумо зикр кардед, ки:
" Банда ҳайронам, ки шогирди мо ҷабрдида Шабафрӯз чаро худаш ба даҳон об гирифта хомӯш асту дигарон дар атрофи номи ӯ гап мезананд?"
О шумо чаро аз тани дигарон гап мезанед? Худотон чизеро айб мегиред, ки дар ҳамон айб афтодаед. Шумо мехоҳед ки аз гуфтаҳое, ки сари он зан шудааст чашм пушад, чаро шумо ин чашмпуширо нишон надодед ва чашмонро чунон боз мекунед, ки кас ҳайрон мешавад. Агар шумо инро намешавиштед гуфтаҳоятон дуруст мебароманд. Вале гуфтаанд: Олими беамал занбури беасал.
Он нафарон шарафи як ҳамкасби худро дифоъ намуданд ғалат аст? Агар барои ин кор тухм харанд чӣ? Помидор харанд чӣ? Оё ин мумкин нест?

Донишчу
Неки ин одам коил кард ва масъаларо равшан кард, ки харгох дар чомеа бахсе пайдо шавад ва мушкили хукумат ё кадом мансабдоре фош шавад, хатман доирахои мансуб ба хукумат номи Турачонзода ва ё ислом ва ё муллоеро руи заьон меоваранд ва мехоханд афкори чомеаро ба дигар тараф баранд, вале бояд бидонед ва пахтаро аз гушатон канед, ки мардум фахмид, ки шумо ки хастед. Кай бечора Турачонзода наврузро харом гуфтааст, ки холо баъди гузаштани чанд мох ба ёдатон омад? Агар хамин шумо, ки худро устоди донишох медонед, мантики бахси илми ва мантики фатворо ки нафахмидед, пас аз мардуми одди чи гила? Аммо ман бовар дорам, ки шумо хуб фахмидеаед, ки Турачонзода наврузро харом хукм накардааст, лекин ин одати шумо шудааст, ки бояд бо фармони дигарон як маколаяке дар танкиди уламои ислом ва ё дар таърифи ягон хукуматдор нависед, хайфи номи устоди,

Нусрати бетурсик
Олим шудан осон, Одам шудан мушкил гуфтаанд... муаллим. ва бозам фаромуш накун,ки аз як рузноманигор метавон зиёи сох аммо аз 100 зиёи наметавон як рузноманигор кард.

Рузноманигор
О устод як фикр карда бароед наход ДДК ТОБЕИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОШАД... Мо Курбонзодаи таърифаатро хуб мешиносем биёед .......

Салом хонандаи мухтарам ва бил хусус озодагон илтимос ин сухани маро гузоред хама бихонад
Авалан ин хаки гап зани надошт лек худашро хамрох кард сониян аз ятим парварии курбонзода сухан мекунад касе ятим парвар мешавад ки АЛЛОҲ ро Кабул доштабошад

Устод мо ба Шумо эхтироми зиёд дорем. Мутаасиф аз онем, ка ин бахс худро задед. Хуб мебуд ин насихатхоятонро ба дустатон Хонали Курбонзода мекардед. Аз у боре пурсидед, ки дар нишасти матбуотиаш ба хонуми дигари хамкасби мо чи гуна дарафтод. Натанхо мо журналистон балки тамоми нафароне ки каму беш ин дустатонро мешиносад медонад, ки чи гуна хавобаланду худхох хаст. Дустони Курбонзода ва ба ин монандхо бидонед, ки мо намегузорем ки кадом як мансабдори хавобаланду худхох хамкасби моро тахкир кунад.

дусти Шабафруз
Шабафруз хомуш набуд, дар шарххо назаашро гуфт. Аммо чаро "дуст"-и мехрубонатон худаш хомуш асту шумо гап мезанед?! Магар вай забон надорад? худаш дар Бибиси гуфтаст, ки монеи кори Шабафруз шудааст. Шумо барин шахсияти бообру набояд аз чунин псевдоолим химоя кунед. Ба шаънатон намезеба. Шумо котиби матбуотии Хонли хастед?

Аллоху акбар
и професорои мо хамашон якхелан. о хаму Турачонзода факат гуфта буд ки агар наврузро иди зардушти хисобе дуруст нест. аммо агар гуед ки он иде аз идхои дустдоштаи милии мо аст ид кунед. барои инро фахмидан ин профессорои бо китобхои Ленину бо чор мисра шеъри монанд ба максадхои партияи коммунисти калоншуда аклашон намерасад. Ба мавзуи Курбонзода ин гапхо чи дахл доштанд? И мМуродиён хатто як гапи асоснок барои сафед кардани ин хамтабакаш гуфта натониста кампирафсона задасту халос. Бо хотири фарзандашам надидасте Товба

Яъкуб.Душанбешахр.
Ман нафахмидам ин <Устоди>Донишгохро дар аввал мегуяд чаро шумо аз номи ин Шоира ва Журналист чаро худи У хомуш хасту инхо аз У дифоъ мекунанд. Аввал онки <Устоди> мухтарам худи ин Шоираву Журналист аз ин тахкири Хонали ба матбуоту чомеъа хабар дод .(бояд ки хам медод чун набояд ба ин тахкирхо хомуш буд) Ва дуввум онки чаноби Турачонзода иди Наврузро иди дини нестуву ин идди милли хасту хамчун идди милли бояд чашн гирем на хамчун идди Исломи.Имруз хама <Профессору> <Устод>бо камтарин сухани Турачонзода зуд ба У мечаспанд.Хол онки Бозор Собир ин халку Миллатро чунон танкиду тахкир кард ,ки(аз он тахкирхояш ба забон намеорам фикр мекунам худатон медонед) бовар кунед аз хамон барномахои Равшану Чамшуд дида садхо бор бадтар тахкир кардааст.Фикр мекунам агар чунин сиёсати <хирадмандона >давом кардан гирад дар оянда агар ин <устодон>бо хамсарони худ чангу чидол хам шаванд айбу гунохро боз ба сари Турачонзодахо мепартоянд.Худованди мутаъол хамаи моро хидоят кунаду манофеъи миллиро болотар аз манофеъи шахсиву, гурухиву, махали монем.

Журналист
Барои навиштани ин нома чанд пул ваъда карданд? Мард бош!

Аз журналистон чи меноли?Агар хамин журналистон набошад, хуни мардумро бо сузан мерезонданду ягон кас дарак намеефт.Дар як маърака як руз нишаста будем.Ва гап дар бораи Амоннуло Хукумов рафт.Одамони наздики Амоннулло Хукумов гуфтанд,ки-Мо Амоннулоро гуфта будем,ки бо журналистон сар ба сар нашав.Гапро гуш накард.Охираш чи шуд ба хамагон маълум аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)