Мавқеи Кумитаи дин нисбат ба ҳамҷинсгароӣ моҳи июл рӯшан мешавад
Қарор аст, масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон рӯзи 8 июли соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ ҳукми ҳамҷинсгароӣ дар Исломро шарҳ дода, ба саволҳои хабарнигорон дар ин робита ва фаъолияти кумита посух гӯянд. Бо вуҷуди баҳсҳои зиёд дар ин бора Кумитаи дин то кунун хомӯшӣ ихтиёр карда буд.
Агарчӣ дар Тоҷикистони суннатӣ касе рӯшод дар бораи ҳамҷинсгароияш сӯҳбат намекунад, аммо солҳои охир афроде пайдо шудаанд, ки бо махфӣ нигоҳ доштани номи худ бо масъулони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва хабарнигорон сӯҳбат мекунанд. Ин мавзӯи замоне пӯшида, баҳори соли 2011, замоне ки як созмони маҳаллӣ барои бозтоби мунсифонаи масъалаи ақаллиятҳои ҷинсӣ дар расонаҳои Тоҷикистон хабарнигоронро даъват кард, ошкору расонаӣ шуд. Ахиран ба ин баҳс хабари гӯиё издивоҷ кардани ду ҷавон равған рехт.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар ҳамҷинсгароӣ ё муносибати мард бо мард ва ё зан бо занро, маҳкум карда, офат ва мусибат дониста буд. Ӯ рӯзи 7 феврали соли ҷорӣ дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе аз он изҳори нигаронӣ намуда буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бархе аз ҷавонон ба ин амал даст мезананд: “Шарм медорам, ки аз болои минбари масҷид дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунам, вале вазъият инро тақозо мекунад.”
Ӯ изҳор дошт, "мутаассифона, баъзан мешунавем, шахсиятҳои илмноку бофарҳанг ба ин роҳҳо мераванд. Занҳои ҳалоли худро монда, роҳ сӯи мардони ҳаром мегиранд." Раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар идома афзуд, “ҳар миллат ва қавм дар ҳар замоне ки ба ин амал даст задааст, ба азоби сахт гирифтор шудааст.” Ӯ баъдан қиссаи қавми лутро ҳам мисол оварда, аз қонунӣ шудани ҳамҷинсгароӣ дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва баъзе пешниҳодҳо дар бораи қонунӣ кардани ин амал дар Тоҷикистонро шадидан интиқод кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |