Сешанбе, 1 Апрел 2025
Раҳбари Иттиҳоди мусалмонҳо аз Туркия паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳад?

Мурат Телибеков, раҳбари Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон ва Кумитаи мусалмонӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ шояд аз ҳукумати Туркия паноҳгоҳи сиёсӣ бихоҳад. Дар ин бора Total.kz хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон аз Телибеков, ки феълан дар Туркия қарор дорад, даъват кардаанд, ба мақомоти он кишвар муроҷиат намуда, паноҳгоҳи сиёсӣ бихоҳад. “Қаблан, бо тавсияи созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ раҳбари Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон муваққатан кишварро тарк намуд. Пайвандони Телибеков гуфтаанд, ки мақомоти шаҳри Алмаато боз аз онҳо хостаанд, ӯро ба додгоҳ биёранд”,-хабар додааст дафтари матбуотии Иттиҳоди мусалмонҳо. Қарор аст, ҳафтаи равон Телибеков ба Остона баргашта, дар маросиме бахшида ба 10-солагии Ҳизби мардумии комунистии Қазоқистон ширкат намояд.
Ёдовар мешавем, хабарҳо дар мавриди Қазоқистонро тарк намудани Мурат Телибеков авохири моҳи сипаришуда паҳн гардид. Он замон расонаҳо бо такя ба дафтари матбуотии иттиҳоди мусалмонҳо навиштанд, ки далели ин тасмим таҳдид ва фишорҳои мақомот мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |