Душанбе: Ронандаи 20-сола ҳангоми фирор 6 пиёдагардро зер кардааст
Шоми 15 июни соли ҷорӣ ронандаи 20-солаи “Хонда-CRV” дар кӯчаи Нусратулло Махсуми Душанбе бо мошинҳои гаронбаҳои канори роҳ бархӯрда, ҳангоми фирор 6 пиёдагардро пахш намудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ин ронанда “Тайота-Камри” ва автомашинаи “Ландкрузер”-и канори роҳро мезанад, аммо ба ҳаракаташ идома медиҳад: “Баъд аз 250-300 метри ҳаракат 6 пиёдагард, аз ҷумла Давлатёр Сафармуҳамадов (соли таваллудаш 1995), Шаҳноза Мизробова (соли таваллудаш 1995), Аниса Сабзалиева (соли таваллудаш 1995), Манижа Саидова (соли таваллудаш 2002), Бибиоиша Саидова (соли таваллудаш 2008) ва Муштарӣ Мизробова (соли таваллудаш 1993), донишҷӯи Донишгоҳи давлатии иқтисодӣ ва туризмро зада, аз пой меафтонад.”
Ба қавли масъулони ВКД, “мутаассифона, донишҷӯ Муштарӣ Мизробова, яке аз зарардидагон, баъд аз 4-5 соати ҳодиса дар беморхона даргузашт.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |