Русия барои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 аз ФИФА беш аз 2 млрд доллар мегирад
Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ҳаҷми маблағи кӯмак ба Русияро барои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 эълон кард.
Бино ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, дар конгреси шаҳри Сан-Паулуи Бразилия дар мавриди ихтисоси 2,153 миллиард доллар мувофиқа шудааст.
Оҷонсии Standard & Poor's гуфта, ки маблағи умумӣ барои баргузор кардани сабқат дар Русия беш аз 20 миллиард доллар хоҳад буд, ки он Ҷоми ҷаҳон-2018-ро гаронтарин дар таърих хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир серхарҷтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол Бразилия аст, ки имрӯзҳо идома дорад. Корҳои ташкилотии он наздики 14 миллиард доллар гуфта мешавад.
Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 дар 11 шаҳри Русия баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |