Теъдодии хоҷагиҳои қӯтоспарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 57 адад расидааст, ки ин ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Тибқи омори расмии вазорати кишоварзӣ саршумори қӯтос дар Тоҷикистон соли 2008-18 ҳазору 300, соли 2009- 19 ҳазору 800 ва соли 2010-ум ба 21 ҳазору 500 сар расонида шудааст, ки ин нишондод нисбати соли 2007 36% афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, қӯтосро барои истеҳсоли гӯшт, шир, пашм парвариш мекунанд ва вазни он ба ҳисоби миёна, буқаҳои наслдеҳ 450-460кг, модаговҳо 320-360кг мебошад. Миқдори шири қутосҳо дар як сол ба 600-700 кг ва равғаннокии шири онҳо ба 6,5-7,2 % баробар мебошад, ки нисбати равғаннокии шири модаговҳои муқаррарӣ қариб ду маротиба зиёд мебошад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар шароити иқлими ҷумҳурӣ қӯтос асосан дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷиргатол парвариш карда мешавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр