Бахшҳо

Се назар: Аз ҳуқуқи худ дифоъ карда метавонед?

“Озодагон” дар пасманзари сарусадо оиди афзоиши поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз соҳибназарон пурсид, ки “оё метавонед, дар шароити феълии кишвар аз ҳуқуқи худ дифоъ кунед?”

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос

Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ягон нафаре ба пуррагӣ гуфта наметавонад, ки ҳуқуқҳои худашро дифоъ мекунад. Зеро, ки новобаста аз он ки дар мо қонунҳои хуб қабул шуданд, механизми амалӣ кардани онҳо ба пуррагӣ ба роҳ монда нашудааст, ин аз як тараф. Аз тарафи дигар шахсони мансабдор аз додраси қаторӣ сар карда, то дигар, масъулияташон ба дараҷае нест, ки дар пайи риоияи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бошанд. Ин таҷрибаи ҳаётии мо аст. Ман вакили дифоъ ҳастам ва ҳар вақте, ки бо мушкиле рӯ ба рӯ мешавам муаррифии фаъолиятам каме такон медиҳад. Аммо муттасифона, ба пуррагӣ гуфта наметавонам, ки ҳуқуқҳоямро дифоъ карда метавонам.

Лутфулло Саидмуродов, вакили парлумон

Метавонем. Чаро не? Албатта, дар асоси қонунгузории кишвар метавонам. Агар касе ҳуқуқҳои маро поймол кунад ман метавонам ба додгоҳ муроҷиат кунам. Албатта ман ҳолатҳоеро дидаам, дар таҷрибаи корӣ вохӯрдаам ва мо метавонем ин чунин мушкилро ба воситаи қонунгузории кишвар ҳимоя кунем. Ман ҳамчун вакил, ҳамчун шаҳрванд метавонам мувофиқи қонун ҳуқуқҳои худамро дифоъ кунам.

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигор


Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи фасод дар низоми додгоҳӣ ман ҳеч тасаввур намекунам, ки чӣ гуна метавонам аз ҳуқуқҳоям дифоъ кунам? Мисоли одии ин гуфтаҳо метавонад ҳамон матлабҳои беҳисоб дар сафҳаҳои матбуот бошад, шаҳрвандон ҳамеша аз низоми додгоҳӣ шикоят мекунанд. Дар кишвари мо вазъи иқтисодии инсон аҳамияти бештар дорад. Агар шаҳрванд иқтидори харидории ҳақи худро аз додгоҳ дошта бошад, пас ӯ тавони дифоъ аз ҳуқуқҳояшро дорад. Ҳеч гуна имконияти дигар барои ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд надорад.
Мӯҳр
Лев
Аз ҳуқуқи худ дифоъ карда метавонед? и хобта бра лаби об ба об бгу...хукуки инсон дар точикистон аз соли 2005 мурд...

Хакикат
. . . . метони метонм вакили парлумона лату куб карда истодаанд. Ба як шарт метони агар узви ХХДТ боши. . .

ҳаким
салом
ҳатман ин намояндаи маҷлис ки мегуяд метавонад аз ҳуқуқи худаш дифоъ кунад, дар зеҳнаш миқдор пуле ҳаст ки метавонад хуқуқи худашро бихарад. на дифоъ кунад.

Мисли Лутфулло Саидов баринхоба гуфтаниям: Вакте, ки шумора хам мисли Кабири тухмборон кунад баъд мефами хукуки инсонро.

654
Ба вакили парлумон.
Хукукхои швхрвандлнро ки дифоъ мекунад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)