Аврупо барои беҳбуди низоми нафақаи Тоҷикистон 1,5 миллион евро медиҳад
Итиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи ислоҳоти низоми нафақаи Тоҷикистон ба Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар дар ҳаҷми 6 миллиону 250 ҳазор сомонӣ, асосан таҷҳизоти техникӣ, кӯмак расондааст.
Ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, кумаки мазкур иборат аз 850 ноутбук, 115 принтер, 108 УПС, 78 таҷҳизоти ВПН ва 4 кондитсионер иборат мебошад: “Таҷҳизоти мазкур ба таҷдиди идоракунии низоми нафақа дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.”
Лоиҳаи "Кӯмаки техникӣ барои ислоҳоти низоми нафақа дар Тоҷикистон" бо арзиши умумии 1,5 миллион евро ба ислоҳоти асоси меъёрӣ ва механизми идоракунии низоми нафақа равона карда шуда, то охири соли 2014 давом хоҳад дошт. Баъдан кӯмакҳо дар чорчӯбаи барномаи дуюми серсоҳаи Иттиҳоди Аврупо "Дастгирии рушди инсонӣ" (ба маблағи 30,5 миллион евро барои солҳои 2014-2017) идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |