Мансабдорони ҷавон: Рустами Эмомалӣ - №1, Абдуллозода - №2
Абдуллозода Аҳтам Рустам, нафаре, ки то кунун барои ҷомеаи кишвар ошно набуд, акнун дуюмин ҷавонтарин мансабдори тоҷик мебошад, ки соҳиби курсии баланд шудааст. Мансабдори ҷавони №1 ҳамоно Рустами Эмомалист, ки дар синни 26 симати раҳбарии Хадамоти гумрукро ба даст овард. Рустам ҷавонтарин генерали тоҷик ҳам ҳаст.
Абдуллозодаи 34-сола бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон 12 июн раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъин шуд. “Соҳиб”-и пешинаи ин курсӣ – Маликшо Неъматов бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон ба Олмон меравад.
Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, мегӯяд, бо вуҷуди он ки Абдуллозода Аҳтам Рустамро намешиносад, аммо аз таъин шудани ӯ ба ин мақом ба ҳайси кадри ҷавон хушбин аст. “Ростӣ, Абдуллозода Аҳтам Рустамро намешиносам, вале гуфтаниам, ки бо рафтани Маликшо Неъматов ҳатман ин ниҳоди давлатӣ рушд хоҳад кард. Зеро тӯли ин ҳама сол ин ниҳод бештар ба як ниҳоди идеологӣ монанд буд, то ба варзишию сайёҳӣ”,-афзуд Иззат Амон.
Умед Ҷайҳонӣ, коршиноси ҷавон, ба суоли мо дар бораи он ки назараш ба таъини Абдуллозода ба мақоми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чист, бо суол посух дод, ки “ҳар касе таҳсилоти олӣ ва таҷрубаи кофӣ дошта бошад, чиро раёсат накунад?” Аммо, афзуд Ҷайҳонӣ, “агар аз калонзодагон бошад ва донишу таҷруба надошта бошад, чунон ки аз таҷрубаи рӯзгор мебинем, коре барои кишвару миллат нахоҳад кард. Дар ҳукумати Тоҷикистон синну сол нақше надорад.”
Дар чанд соли ахир барои мақомҳои баландро “банд” кардани афроде, ки сину солашон “ба як ҷое расидааст”, расонаҳо зиёд менавиштанд. Аммо 30 ноябри соли 2013 гӯиё ҳама чӣ тағйир ёфт. Дар ин сана бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалии 26-сола сардори Хадамоти гумрук таъин гардид. Ин таъинотро бархе ба маънии “ҷавоншавӣ”-и ҳукумат шарҳ доданд. Воқеан, ба дунбол чанд мансабдори баландпоя ба нафақа гусел шуданд. Ҳарчанд ҷои онҳо насиби ҷавонони 26-солаи дигар нашуд, аммо онҳое омаданд, ки то бознишастагияшон ҳанӯз фурсат ҳаст.
Абдуллозода Аҳтам Рустам, инак, дувумин мансабдори “ҷавонтарин” аст. Ӯ 31 октябри соли 1980 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ гаштааст. Солҳои 2002 - 2007 дар вазифаҳои мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии “Иқлим” ва машваратчии ҳуқуқии ҶДММ “Юнитекс” фаъолият намудаст.
Соли 2007 ба кор ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон қабул гардида, дар вазифаҳои мутахассис, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент кор кардааст. Аз 22 январ дар курсии сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент менишаст. Абдуллозода рутбаи ҳарбии подполковник дошта, бо медалҳои ҷашнии “80-солагии Ташкилоти мададгори мудофиа”, “85-солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “85-солагии милитсияи Тоҷикистон” ва “15-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.
Давоми наздик ба 7 моҳи раҳбарии Рустами Эмомалӣ ҳарчанд Хадамоти гумрук кадом як “кори фавқуллода”-е накард, аммо чанд хабаре буд, ки номи раиси онро ба расонаҳо кашид. Бузургтаринаш тафтиши муштараки ширкати “Нахуст Лизинг” аз ҷониби Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия буд, ки гуфта шуд, дар пайи тақаллубкориҳо зимни иҷораи ҳавопаймои ширкат пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ рӯйпӯш шудаанд.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, мегӯяд, барои он ки натиҷаи кори дувумин мансабдори ҷавонтарин маълум шавад, интизор бояд буд ва довариро ба уҳдаи вақт гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |