“Барқи тоҷик” рост мегӯяд, ё “Барқ нест.Тҷ”?
Ширкати “Барқи тоҷик” хабарҳо дар мавриди вуҷуд доштани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ дар бархе аз навоҳии кишварро такзиб кардааст. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, гуфтааст, “айни замон дар интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон ягон маҳдудият нест.”
Ба қавли Ёдгорӣ, то ҳол бобати норасоӣ аз нерӯи барқ ягон корхонаи хурду бузург дар робита ба Барқи тоҷик даъвое пешниҳод накардааст. Сухангӯи ширкати Барқи тоҷик дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба сокинон танҳо ҳангоми таъмиру бозсозӣ дар фасли тобистон сурат хоҳад гирифт, аммо ба гуфтаи ӯ, дар робита аҳолӣ ҳатман қаблан огоҳ карда мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ дар идома афзудааст, ҳоло ширкати Барқи тоҷик аз фасли тобистон ва оби зиёди обанборҳо истифода карда, ба хотири беҳбуди вазъи молии худ ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ содир мекунад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони ноҳияи Файзободу Ваҳдат аз ҷорӣ шудани лимити барқи ногаҳонӣ дар ин минтақаҳо шикоят доштанд.
Онҳо мегӯянд, бидуни огаҳӣ тайи чанд рӯзи охир интиқоли нерӯи барқ ба онҳо маҳдуд карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, бар асоси ҷадвали торнамои “barknest.tj”, ки он таъмини нерӯи барқ дар қаламрави Тоҷикистонро назорат мекунад, сокинони Файзобод рӯзи 11 июн танҳо 15 соат бо нерӯи барқ таъмин будаанд. Ин торнамо, инчунин навиштааст, ки сокинони ноҳияи Ванҷу Мурғоби вилояти Бадахшон, мувофиқан рӯзи 11 июни соли ҷорӣ 20 ва 7 соат нерӯи барқ гирифтаанд.
Шикояти сокинон аз норасоии нерӯи барқ ва “раддия”-и ширкати “Барқи тоҷик” замоне сархати расонаҳои хабарӣ қарор дорад, ки ширкати “Электрические станция”-и Қирғизистон аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дода буд. “Электрические станция”-и Қирғизистон мегӯяд, бар асоси ин шартнома Бишкек як киловат соат нерӯи барқро аз Душанбе бо арзиши 2 сент харидорӣ менамояд. Дар ҳоле, ки бо вуҷуди фарорасидани фасли тобистон ва зиёд шудани об дар обанбори нерӯгоҳҳои Тоҷикистон як киловат соат нерӯи барқ ба сокинони кишвар 11 дирам фурӯхта мешавад.
Аз сӯи дигар, талоши ширкати “Барқи тоҷик” барои беҳбуди вазъи молӣ ва содироти нерӯи барқ ба хориҷ аз кишвар ба хотири он аст, ки ахиран масъулини нерӯгоҳи “Сангтӯда 2”, марбут ба Эрон аз болоравии ҳаҷми қарзи ширкати Барқи тоҷик дар назди нерӯгоҳ хабар дода буданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло ягона ниҳоди идоракунандаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз “Сангтӯда-2” 28 миллион доллар қарздор аст.
Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, ҳоло Тоҷикистон дар як шабонарӯз дар фасли тобистон 6 миллион киловат соат ба хориҷ нерӯи барқ мефурӯшад, ки аз ин нишондод 2 миллионашро Қирғизистон ва боқиро Афғонистон харидорӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар фасли тобистон сатҳи обанбори нерӯгоҳҳои Тоҷикистон боло рафта, ба ширкат имкон медиҳад, ки ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ содир кунад: “Ҳоло дар як сония 109 метри мукааб об ба обанбори нерӯгоҳи Норак дохил мешавад ва ин, албатта, ба мо имкон медиҳад, ки ҳам обро захира кунем ва ҳам ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ фурӯшем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |