Иттилоияи ВКД: Мо “Нури наҳзат”-ро маҳкум накардаем
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 июн бо пахши иттилоияе гуфт, то ҳол силсилафилми баҳсбарангези “Нури наҳзат”-ро маҳкум накарда ва хабари расонаҳо дар ин бора асос надорад. Дар ин иттилоия гуфта шудааст, расонаҳо аз қавли Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, навиштаанд, гӯиё “Нури наҳзат” хидмати хирсона мекунад.
"Хабар асос надорад ва муаллифон аз номи Ҷалолиддин Садриддинов фикри худро навиштаанд",-омадааст дар иттилоия. Ин дар ҳолест, ки аз номи студияи “Нури наҳзат” моҳҳои охир филмҳои фаҳше нашр мешаванд, ки қаҳрамонҳои асосии он аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва руҳониён муаррифӣ мегарданд. Масъулини ҲНИТ ин маъракаро махсус ташкилшуда мегӯянд, ки ба бадном кардани ҳизб нигаронида шудааст.
Қаблан Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон паҳн намудани ин гуна наворҳоро маҳкум карда, амали “Нури наҳзат”-ро мухолифи фарҳанг, дин ва минталитети тоҷикон эълон намуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |