ҶҶ-2014: Се голи Бразилия ба дарвозаи Хорватия ва як гол ба дарвозаи худ
Тими миллии Бразилия нахустин дидораш дар оғози марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014-ро ба нафъи худ анҷом дод.
Футболбозони Бразилия ба дарвозаи мунтахаби Хорватия 3 тӯб зада, танҳо як гол сар доданд. Ҳисоб дар дақиқаи 11 боз шуд. Марсело, бозигари Бразилия ба дарвозаи худ гол зад. Баъдан, дар дақиқаи 29 Неймар ҳисобро баробар сохта, дар дақиқаи 71-ум як зарбаи ҷаримавиро ҳам вориди дарвозаи ҳариф кард. Оска дар дақиқаи 91 шумори голҳои Бразилияро ба 3 расонд. Ин дидор дар варзишгоҳи “Коринтиас”-и Сан-Паулу баргузор шуд.
Бозии минбаъдаи мунтахаби Бразилия 17 июн бо яккачини Мексика хоҳад буд. Хорватия бошад, 19 июн бо Камерун қувваозмоӣ мекунад. Соати 21:00-и имшаб бошад, тимҳои Мексика бо Камерун бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ба марҳилаи ниҳоии ҶҶ-2014, 32 мунтахаб роҳ ёфтанд, ки дар 8 гуруҳ бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Рақобатҳо аз 12 июн то 13 июл дар 12 шаҳр - Белу-Оризонти, Бразилиа, Куяба, Куритиба, Манаус, Натал, Форталеза, Порту-Алегри, Ресифи, Салвадор, Сан-Паулу ва Рио-де-Жанейро ҷараён хоҳанд гирифт.
Ҷадвали гуруҳҳо
Гуруҳи "А": Бразилия-Мексика-Хорватия-Камерун;
Гуруҳи "B": Испания-Чили-Ҳоланд-Австралия;
Гуруҳи "C": Колумбия-Кот-д’Ивуар-Юнон-Ҷопон;
Гуруҳи "D": Уругвай-Англия-Костарика-Италия;
Гуруҳи "E": Швейтсария-Фаронса-Эквадор-Гондурас;
Гуруҳи "F": Аргентина-Эрон-Босния-Нигерия;
Гуруҳи "G": Олмон-Гана-Португалия-ИМА;
Гуруҳи "Н": Белгия-Русия-Алҷазоир-Кореяи Ҷанубӣ.
Тақвими бозиҳо
13 июн, ҷумъа
01:00, Бразилия — Хорватия 3:1
21:00, Мексика — Камерун
00:00, Испания — Ҳолланд
14 июн, шанбе
03:00, Чили — Австралия
21:00, Колумбия — Юнон
00:00, Уругвай — Коста-Рика
15 июн, якшанбе
03:00, Инглистон — Италия
06:00, Кот-д'Ивуар — Ҷопон
21:00, Швейтсария — Эквадор
00:00, Фаронса — Гондурас
16 июн, душанбе
03:00, Аргентина — Босния ва Ҳерзеговина
21:00, Олмон — Португалия
00:00, Эрон — Нигерия
17 июн, сешанбе
03:00, Гана — ИМА
21:00, Белгия — Алҷазоир
00:00, Бразил — Мексика
18 июн, чоршанбе
03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ
21:00, Австралия — Ҳолланд
00:00, Испания — Чили
19 июн, панҷшанбе
03:00, Камерун — Хорватия
21:00, Колумбия — Кот-д'Ивуар
00:00, Уругвай — Инглистон
20 июн, ҷумъа
03:00, Ҷопон — Юнон
21:00, Италия — Коста-Рика
00:00, Швейтсария — Фаронса
21 июн, шанбе
03:00, Гондурас — Эквадор
21:00, Аргентина — Эрон
00:00, Олмон — Гана
22 июн, якшанбе
03:00, Нигерия — Босния ва Герзеговина
21:00, Белгия — Русия
00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир
23 июн, душанбе
03:00, ИМА — Португалия
21:00, Испания — Австралия
21:00, Ҳолланд — Чили
24 июн, сешанбе
01:00, Камерун — Бразилия
01:00, Хорватия — Мексика
21:00, Италия — Уругвай
21:00, Коста-Рика — Инглистон
25 июн, чоршанбе
01:00, Юнон — Кот-д'Ивуар
01:00, Ҷопон — Колумбия
21:00, Нигерия — Аргентина
21:00, Босния ва Ҳерзеговина — Эрон
26 июн, панҷшанбе
01:00, Эквадор — Фаронса
01:00, Гондурас — Швейтсария
21:00, ИМА — Олмон
21:00, Португалия — Гана
27 июн, ҷумъа
01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия
01:00, Алҷазоир — Русия
1/8 финал
Ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣ мекунанд:
28 июн, шанбе
21:00, 1A — 2B (49)
29 июн, якшанбе
01:00, 1C — 2D (50)
21:00, 1B — 2A (51)
30 июн, душанбе
01:00, 1D — 2C (52)
21:00, 1E — 2F (53)
1 июл, сешанбе
01:00, 1G — 2H (54)
21:00, 1F — 2E (55)
2 июл, чоршанбе
01:00, 1H — 2G (56)
Давраи 1/4-ниҳоӣ
4 июл, ҷумъа
21:00, Барандаи бозӣ(Б)-и 53 — Б54 (58)
5 июл, шанбе
01:00, Б49 — Б50 (57)
21:00, Б55 — Б56 (60)
6 июл, душанбе
01:00, Б51 — W52 (59)
Давраи ниманиҳоӣ
9 июл, чоршанбе
01:00, Б57 — Б58 (61)
10 июл, ҷумъа
01:00, Б59 — Б60 (62)
Бозӣ барои ҷои севум
13 июл, душанбе
01:00, Бозандаи бозиҳои 61 ва 62
Даври ниҳоӣ
13 июл, якшанбе
00:00, Б61 — Б62
Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |