Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 5 кило метали ранга дар Қазоқистон
Марзбонони Қазоқистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми қочоқи металҳои ранга боздошт кардаанд.
Тавре Оҷонсии иттилоотии “NewTimes”-и Қазоқистон хабар медиҳад, ин зани тоҷик қасди интиқоли 5 кило метали рангаш зард аз Русия ба ватанро доштааст. Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути қатори самти Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон сафар дошт, ҳангоми убури марзи Қазоқистон боздошт шудааст.
NewTimes мегӯяд, тафтишот аз сӯи мақомоти қудратии қазоқ дар робита шуруъ шудааст, аммо дар бораи ному насаби ин зани тоҷик маълумоте оварда нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |