Бахшҳо
12 июн 2014 11:02Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Лимити барқ дар тобистон. Кӣ бояд ҷуброни зарари маънавӣ пардозад?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Чанд вақт мешавад, сокинони бархе навоҳии кишвар барқро бо лимит мегиранд. Рӯзона ба муҳлатҳои мухталиф ва гоҳҳо тамоми рӯз барқ хомӯш мешаваду танҳо наздикии аср рӯшан мегардад. Шабона ҳам истисно нест.

Наздики 7 моҳи реҷабандии барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон кам набуд, ки акнун дар тобистон ҳам бояд мардум онро бо лимит бигиранд? Аз он ки зиёд гуфтаанду ба эҳтимоли қавӣ чандин соли дигар мегӯянд, дарк мекунем, ки давлат тавони дар зимистон пурра бо барқ таъмин кардани аҳолиро надорад ва лимит ногузир аст, аммо хомӯш кардани он дар тобистон чӣ маънӣ дорад? Агар ин амал ба корҳои тармим ё тавре мегӯянд “омодагӣ ба зимистон” рабт дошта бошад, пас, оё мардум ҳақ надоранд, пешакӣ огаҳ шаванд? Ва ҳам шабона чӣ гуна корҳои тармим метавонад бошад?

Гузашта аз ин, дар бархе ноҳияҳои ҷумҳурӣ симчӯбҳо ҳоли табоҳе доранд: пӯсидаву шикаста ва дар ҳолати садамавиянд. Касе намедонад, кай чаппа мешаванд. Агар Худое накарда якеаш чаппа шуд, барои барқарор кардани он баъзан моҳҳо бояд мунтазир буд.

Агар, воқеан, лимити тобистона ба хотири таъмиру тармим аст, чаро кормандони шабакаҳои барқиро дар ҳоли иваз кардани симчӯбҳо намебинем. Рафту пули истифодаи нерӯи барқ сари вақт супурда нашавад, нозирон таҳдиди қатъ кардани онро мекунанд, аммо чаро ҳоло сабабҳои хомӯш кардани он ба мардум гуфта намешавад?

Шояд бархе масъулин мегӯянд, дар тобистон барқ чӣ лозим. Аз барои Худо, ақаллан се моҳи тобистон бигзоред мардум ғами бебарқиро надошта бошанд ва ин мушкилро фаромӯш созанд. Мардум аллакай ба реҷабандии барқ дар тирамоҳу зимистон, ки ба баҳор низ мепечанд, одат кардаанд.

Бебарқӣ натанҳо барои аҳолӣ, балки барои корхонаҳо ҳам мушкил эҷод мекунад. Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола дар пайи ҷорӣ намудани лимит дар навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 850 корхонаи хурду миёна аз фаъолият мемонанд. Ба ҳисоби ин ниҳоди молиявӣ дар пайи ҷорӣ намудани маҳдудияти барқ, иқтисодиёти Тоҷикистон дар фасли зимистон беш аз 200 миллион доллари амрикоиро аз даст медиҳад.

Зарари маънавии аҳолӣ аз ин лимит ҳисоб надорад. Аммо агар ин лимит дар тобистон бошад чӣ? Ин ҳамаро кӣ бояд ҷуброн кунад?
Мӯҳр
Чарогак
Ба фикрам мутахассисони Барк ба хулоса омадаанд, ки дар фасли зимистон лимити барк ба мардум зарари бисёр овардаги. Аз ин лихоз, лимити баркро ба тобистон гузарониданианд. Чунки дар Тобистон Офтоб аз соати 4-и субх то 9-и шаб бе ягон масрафи зиёдати равшани ба мардум медихад, ки зарараш камтар аст.

Альфа
Барои чи мардум хомушанд намефахмам. Мансабдорон,раисони худи барк чи будани лимитро медониста бошанд.
Пас биёед зимистонро дар хонаи онхо мегузаронем.

мухочир
бародари азиз бехтараш то он ки рахмон сари кудрат хаст ба руссия кучбандед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)