Боздошти 10 нафар барои бетартибӣ дар назди сафорати Бритониё
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар робита ба эътирози як гуруҳ аз занон дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе 10 нафарро боздошт кардаан. Ин тазоҳурот баъд аз зуҳри 10 июни соли ҷорӣ баргузор шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод аз ҷониби пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шуда, дар вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешаванд. Ин ниҳод афзуд, феълан таҳқиқи қазия идома дорад.
Эътироз дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе баъд аз зуҳри 10 июн сар зада, ба гуфтаи шоҳидон ҷамъомадагон ба сӯи бинои сафорат санг андохтаанд. Ин ҳамоиши эътирозӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе 10 июн озими Хоруғ шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |