Садриддини Наҷмиддин дар Маскав консерт медиҳад
Садриддини Наҷмиддин, хонандаи маъруфи таронаҳои поп 13 июн дар толори “Мир”-и пойтахти Русия консерт медиҳад.
Торнамои “Россия для всех” менависад, ин барномаи ҳунарии Садриддин ба рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки ҳамасола 27 июн ҷашн гирифта мешавад.
“Ҳамарӯза беш аз 100 нафар аз Маскав, Питер, Сочи ва ҳатто Твер ба мо занг зада, билет мепурсанд. Ҳамватанҳои мо Садриддинро зиёд дӯст медоранд ва ҳар нафар мехоҳад, ба ин консерт роҳ ёбад”, - гуфтааст Ҳасан Ҳайдаров, намояндаи ширкати “Скай”, ки аз созмондиҳандагони ин барномаи ҳунарӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, аллакай нисфи чиптаҳоро фурӯхтаанд.
Консерти Садриддини Наҷмиддин чор соат идома хоҳад кард ва созмондиҳандаҳо мегӯянд, таронаҳо бидуни фонограмма иҷро мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |