Нахустин дарсҳо барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Тагилаи Поён
Дар Китобхонаи марказии шаҳри Тагилаи Поён нахустин дарсҳои фарҳангӣ ва омӯзиши шеваи суханронӣ барои хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шудааст. Бино ба иттилои “Русская планета” ин барнома барои кӯдакони сини 6–8 ва волидони онҳо нигаронида шудааст.
Дарсҳоро мутахассисони шӯъбаи адабиёти махсусгардонидашуда, ки давраҳои вижаи таълимиро дар Донишгоҳи нави Русия дар Маскав гирифтаанд, мегузаранд. Дар ин барнома оилаҳо муҳоҷироне аз Тоҷикистон ва Узбакистон иштирок мекунанд, ки волидон аллакай шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Юлия Кистер, мутахассис оид ба иртибот бо ҷомеаи китобхонаи мазкур гуфтааст, дар дарсҳо наврасону ҷавонон ҳам метавонанд иштирок намоянд. Бо кӯмаки кормандони китобхона онҳо захираи луғавии худро ғанӣ гардонда, барои бо забони русӣ равон суҳбат кардан талош хоҳанд кард. Дарсҳо дар як ҳафта ду маротиба гузаронда мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |