Кумита: Ҷаласаи умумуии саҳмдорони “Роғун” 28 июн баргузор мешавад
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, 28 июни соли ҷорӣ, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор хоҳад шуд.
Тибқи иттилои ин ниҳод феълан масъулин бо баргузории семинар машваратҳо дар навоҳии кишвар ба мардум тарзи иштирок ва овоздиҳиро ба мардум фаҳмондаанд: “Масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла масъалаҳои кушода эълон намудани маҷлис, тасдиқи рӯзномаи маҷлис бо тариқи овоздиҳии кушод, яъне бо бардоштани варақаҳои бақайдгирӣ ё бардоштани дастҳо гузаронида мешаванд ва вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис овоздиҳӣ ба воситаи бюллетени овоздиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар он 1 саҳмия дорои 1 овоз мебошад.”
Ин дар ҳолест, ки тибқи банди 61-и Оинномаи ҶСК «НБО Роғун», масъаллаи эълону пардохти суди саҳмияҳо бояд ҳатман ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ворид шавад. Қаблан Вазорати молия маблағеро, ки аз ҳисоби дар бонкҳо гузоштани пули Роғун ба даст омадааст, беш аз 90 миллион сомонӣ арзёбӣ карда буд.
Фурӯши саҳмияҳои Роғун моҳи январи соли 2010-ум оғоз гардида, дар маҷмуъ ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмия фурӯхта шуда буд. Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон теъдоди саҳҳомони оддии ҶСК «НБО Роғун»-ро ҳудуди 2 миллион гуфта буданд. Теъдоди соҳибони саҳмияҳои номӣ- саҳмдороне, ки бо маблағи зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаанд, 22 ҳазор нафар арзёбӣ мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |