Талоши "Газпром" барои азсаргирии интиқоли гази узбак ба Қирғизистон
Ширкати русии “Газпром” барои азсаргирии интиқоли гази табии Узбакистон ба ҷануби Қирғизистон талош дорад.
Ба иттилои хабаргузории қирғизии 24.kg, Александр Медведев, масъули бахши сиёсати содирот ва равобити хориҷии “Газпром” ҳоло дар Тошканд қарор дошта, бо ҷониби Узбакистон дар робита гуфтушунид менамояд.
Баҳси азсаргирии интиқоли гази Узбакистон ба Қирғизистон дар ҳолест, ки ахиран Бишкек дар пайи бегаз мондани сокинони кишвараш ба неруи барқи Тоҷикистон мароқ зоҳир карда, барои харидории 2 миллион киловат соат дар як шабонарӯз шартнома имзо кардааст. “Электрические станция”-и Қирғизистон мегӯяд, бар асоси ин шартнома Бишкек як киловат соат нерӯи барқро аз Душанбе бо арзиши 2 сент харидорӣ менамояд.
Интиқоли гази табии Узбакистон ба вилояти Ӯши Қирғизистон аз рӯзи 14 апрели соли ҷорӣ ба ин сӯ, қатъ шудааст. Мақомоти узбак далели ин иқдоми худро тамом шудани муҳлати шартнома миёни корхонаи “Қирғизгаз” ва “Узтрансгаз” унвон кардаанд. Вале Ҷоомарт Оторбаев, муовини сарвазири Қирғизистон аз бетаваҷҷуҳии ҳамтоёни узбакаш барои дубора бастани шартнома дар робита нигаронӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз кумитаҳои парлумони Қирғизистон аз ҳукумати кишвараш хоста буд, миқдори оби ҷудошуда ба Узбакистонро коҳиш диҳад. Ин ҷиноҳи Жогорку Кенеш гуфтааст, дар сурате, ки Тошканд ҳозир нест, қатъи гази худ ба ҷануби Қириғизистонро шарҳ диҳад, Бишкек метавонад, дар обёрии заминҳои Узбакистон маҳдудият эҷод кунад. Аз сӯи дигар, К. Мирзобеков, намояндаи мардумии қирғиз пешниҳод карда буд, ба хотири бартараф нашудани камбуди гази табиӣ дар ҷануби Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашидани вазири энержӣ ва саноати ин кишвар дар давоми як моҳи оянда ба баррасӣ гирифта шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |