Боздошти корманди Идораи андоз ҳангоми гирифтани 18,5 ҳазор сомонӣ
Як корманди Раёсати андози Суғд ба иттиҳоми талаби пора аз сокини ҳамин вилоят боздошт гардидааст. Манбаи мо аз Раёсати Агентии зидди фасоди молӣ дар Суғд бо тасдиқи ин хабар гуфт, Н.К., мутахассиси Раёсати андоз, замоне боздошт шуд, ки қасд дошт аз Х.М. ба маблағи 18,5 ҳазор сомонӣ ришват бигирад.
Ба қавли манбаъ, Н.К. ваъда додааст, дар кӯтоҳтарин фурсат фаъолияти соҳибкории шаҳрванд Х.М.-ро қатъ намуда, аз писари ӯ ба сифати пора дар ҳаҷми 18,5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. “Кормандони Раёсати Агентии зидди коррупсия ҳини гирифтани маблағ ӯро боздошт намудаанд”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |