ВИДЕО: Имзои 4 созишнома миёни Тоҷикистону Латвия
Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Андрис Берзинш, раисиҷумҳури Латвия миёни ин ду кишвар 4 созишномаи нав ба имзо расидаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қатори созишномаҳои имзошуда асноди зеринро номбар кард:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;
- Ёддошти тафоҳум байни Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳофизати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Латвия;
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, сарони ду давлат аз натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза изҳори қаноат карда, ба дурнамои робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Латвия баҳои баланд доданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |