Ҳимояти Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд аз Абдуллоҳ ва ишораи ангушти иттиҳом ба Покистон
Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд пуштибонии худро аз доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештози интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълон кардааст.
Аҳмад Валӣ Масъуд, раҳбари ин бунёд дар пайи эълони ин хабар гуфтааст, аз ин ба баъд барои беҳбуди вазъ дар Афғонистон бо Абдуллоҳ фаъолият хоҳад кард. Ӯ изҳор доштааст, “Афғонистон ба корҳои бештару судмандтаре ниёз дорад ва ба хотири беҳбуди вазъи он бо абдуллоҳ якҷоя талош хоҳем кард.”
Дар ҳамин ҳол доктор Абдуллоҳ аз сокинони кишвараш даъват кардааст, то огоҳона раъйи худро ба номзади дилхоҳ ироа кунанд ва ҳамзамон ба эҳтироми шуури сиёсии мардум дар ин корзор таъкид кардааст: “Набояд аз роҳи тақаллуб ба пирӯзӣ даст ёбем ва шуури мардумро нодида бигирем. Ба хотири роҳандозӣ шудани мардумсолорӣ дар Афғонистон бояд зиёд талош кард.”
То кунун аксар шахсиятҳои бонуфузи Афғонистон ҳимояти худро аз доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар давраи дуюми интихобот эълон кардаанд. Ахиран Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид аз тими "Ислоҳот ва ҳамгироӣ" низ ҳимояти худ аз Абдуллоҳро эълон карда, мардуми кулли кишварашро барои ҷонибдорӣ аз ӯ даъват намуда буд. Ҳамзамон Залмай Расул ва Гулоғо Шерзай, номзадҳои дигари интихоботи президентии Афғонистон низ аз пайвастани худ ба ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ хабар дода буданд.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон дубора номзадии худро эълон карда, бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро (овоз) миёни рақибонаш номзади пешгоми ин корзор эълон гардид. Кумисюни марказии интихоботи Афғонистон дар пайи эълони натоиҷи интихоботи президентии 5 апрели соли ҷорӣ эълон намуд, ки дар ин давра ягон номзаде натавонист, беш аз 50 дар сад раъйи мардумро ба даст орад ва аз ин рӯ, ду номзади пешсаф - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки бо соҳибии 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дорад, дар даври дуюми интихобот вориди рақобат мешаванд. Санаи баргузории давраи дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 14 июн эълон шудааст.
Ин номзади пештози интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон зуҳри 6 июн дар шаҳри Кобул – пойтахти ин кишвар, аз ҳамлаи интиҳории гуруҳи номаълуме, ки ҳамчун сӯиқасд ба ҷони ӯ тарҳрезӣ шуда буд, ҷон ба саломат бурд.
Маводи таркандаи гузошташуда дар яке аз мошинҳои корвони гуруҳи доктор Абдуллоҳ замоне мунфаҷир мешавад, ки мошини онҳо аз як ҳамоиши мардумӣ аз Кобул Ориёно ба меҳмонхонаи Интерконтинентал ҳаракат доштаанд. Соате пас аз ҳамла ҷаноби доктор Абдуллоҳ дар саҳифаи иҷтимоии Твиттер навиштааст, "таҳдидҳо монеи мо ва мардуми мо шуда наметавонад ва мо ба ваъдаҳои худ барои ояндаи беҳтар мутааҳҳид ҳастем". То кунун ҳеч ҳаракат ба шумули гуруҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтаанд.
Масъулини Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳангоми ироаи гузориш дар кобинаи ҳукумат гуфтаанд, шахсияти интиҳоркунанда муайян шуда, ӯ аз Покистон вориди қаламрави ин кишвар шудааст. Муҳаммадумар Довдзай, вазири умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ин нафар даҳ рӯзи пеш ба хотири анҷоми ҳамлаи мазкур аз покистон ба кишвараш омадааст. Аз сӯи дигар, раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон низ иброз доштааст, ки ҳамлаи суиқасд ба ҷони номзади пештози интихоботи президентии кишварашон дар Покистон тарҳрезӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон бар асоси баррасиҳои ибтидоӣ гуфта буд, ҳамла ба корвони мошинҳои Абдуллоҳ истихбороти хориҷӣ даст дошта, тавассути лашкари Таййиба иҷро шудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Покистон даст доштани худ дар суиқасд ба ҷони номзади интихоботи президентии Афғонистонро рад кардааст. Тасним Аслам, котиби матбуоти Вазорати умури хориҷии Покистон гуфтааст, “қотеона даст доштани покистон дар ин ҳамларо рад мекунему онро як амали нангин медонем.”
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 54 сол дошта, дар маҳаллаи Корти Парвони Кобул ба дунё омадааст. Модараш тоҷик ва падараш пашту мебошад. Соли 1984 донишгоҳи Кобулро дар риштаи тиб ба поён расонидааст. Дар ибтидо ҳамчун табиби муҷоҳиддин ифои вазифа карда, дар солҳои ҷанг бар зидди неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вориди мубориза шудааст. Дар ин давра ӯ ба ҳайси сарпарасти беҳдошти Ҷабҳаи панҷшер ва баъдан ҳамчун мушовир ва ҳамкори Аҳмадшоҳи Масъуд то озодии Кобул хидмат менамояд. Вай аз соли 1993 то 1996 дар шаҳри Кобул раиси дафтар ва сухангӯи Вазорати дифои миллии Афғонистон буда, соли 1997 ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии кишвараш баргузида мешавад. Соли 1999 раҳбарии ин ниҳодро бардӯш мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |