Роҳат Алиев то 20 июн дар “СИЗО”-и Вена хоҳад монд
Роҳат Алиев, собиқ домоди президенти Қазоқистон ҳадди аққал то 10 рӯзи дигар дар “СИЗО”-и Вена хоҳад монд. Дар ин бора ВАО-и ғарбӣ иттилоъ додааст. То он замон мақомоти Австрия бояд ба ӯ расман айб эълон кунанд.
Чор рӯз қабл расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки Алиев худро ба пулиси Австрия таслим кардааст. Ин дар ҳоле ки ба навиштаи Франс пресс дастури ҳабси алигархи қазоқ 19 майи соли ҷорӣ содир шудааст. Соли 2011 додгоҳи Вена аз содир намудани қарори истирдоди домоди собиқи Нурсултон Назарбоев ба ватан худдорӣ карда буд.
Алиев дар Қазоқистон дар сарнагун кардани ҳокимият, созмон додани гуруҳи ҷиноӣ ва одамрабоӣ муттаҳам мешавад. Додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба 40 соли маҳрумият аз озодӣ маҳрум карда буд. Роҳат Алиев шавҳари собиқи Дарига Назарбоева, духтари калони президенти Қазоқистон мебошад, то кунун дар Австрия паноҳ бурда, дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Кипр буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |