“Дин ва ҷомеа”: Аз исломе, ки Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд то паёми Ҷабборӣ
Шумораи нахустини маҷаллаи “Дин ва Ҷомеа” зери таҳрири Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз чоп баромад. Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, ки марбут ба Кумитаи дин аст, дар ҳаҷми 50 саҳифа ва бо теъдоди 5 ҳазор нусха рӯи чоп омадааст.
“Боз як неъмати истиқлолият”, “Танзими расму оинҳо гиреҳкушои мушкилоти мардум”, “Сафари Одил Абдуллоҳ ал-Фалоҳ ба Тоҷикистон”, “Исломе, ки сарвари давлат мегӯяд...” ва “Роль церкви в укреплении мира и согласия в государстве” аз мавзуъҳои матраҳшуда дар шумораи нахустини он мебошанд.
Сармуҳарри ин маҷалла Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин ба шумор рафта, симати муҳарририи онро Мавлон Мухторов, собиқ муовини раиси ин ниҳод дар ихтиёр дорад. Ба ҳайати мушовараи он, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазири кишвар шомиланд.
Ба қавли масъулини Кумитаи дин ин маҷалла бо нархи 15 сомонӣ дастраси хонандагонаш хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |