Садо додани азону ояти Қуръон дар Ватикан
Барои бори нахуст бо даъвати Поп Франсис ҳангоми чорабиние бахшида ба сулҳ дар Ховари Миёна садои ояти Қуръон дар Ватикан садо дод. Ин маросим рӯзи якшанбеи 8 июни соли ҷорӣ таҳти унвони “Дуои муштарак барои сулҳ дар Ховари Миёна” дар Ватикан баргузор шуд.
Барои иштирокдорони ин чорабинӣ дар баробари оятҳои Қуръони карим, матнҳо аз китоби масеҳиёну яҳудиён низ қироат шудааст.
Дар ин маросим Маҳмуд Аббос - раиси ташкилоти худгардони Фаластин ва Шимон Перес - раиси ҷумҳури Исроил иштирок доштанд. Баргузории маросиме бахшида ба сулҳи Ховари Миёна дар ҳолест, ки қабл аз шурӯи он Поп бо Перес ва Маҳмуд Аббос дар алоҳидагӣ суҳбатеро анҷом дода буд. Мақомоти Ватикан гуфтаанд, бо баргузории чунин маросиме пиёдасозии ҳадафи сиёсиеро надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |