Шӯрои уламо санаи дақиқи Рамазонро баъд аз 20.06 эълон мекунад
Эҳтимол меравад, нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон ба санаи 28 ё 29 июни соли равон рост ояд.
Як манбаъ аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 9 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, муттахассисони шӯро фарорасии моҳи Рамазон ба Тоҷикистонро дар яке аз ин ду сана тахмин мезананд.
Ба гуфтаи манбаъ, санаи дақиқи фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломӣ муайян хоҳад шуд, ки қарор аст, баъд аз 20 июн баргузор шавад. Ин дар ҳолест, ки Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар пайи эълони санаи аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли гузашта бо вокунишҳои шадид рӯбарӯ шуда буд. Ин шӯро, ки танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво мебошад, соли гузашта рӯзи аввали моҳи Рамазон дар Тоҷикистонро субҳи 9 июл эълон карда буд. Вале дар аксари кишварҳои исломӣ, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Лубнон, Урдун, Фаластин ва Афғонистон рӯзи чоршанбеи 10 июл рӯзи аввали Рамазон эълон карда шуд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, як рӯз пеш омадани моҳи шарифи Рамазонро шарҳ дода, гуфта буд, Шӯро, ки аз 25 узв аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон иборат аст, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро дар асоси посухи расмии пажуҳишгоҳи астрофизика муайян кардааст ва он дақиқ мебошад.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |