Бахшҳо
09 июн 2014 15:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Eurasianet: Тайёраҳои “Сомон Эйр” аз ҳисоби ТАЛКО харидорӣ шудаанд

Расонаи хабарии “Eurasianet.org” бо такя ба асноди дастраскардаи ширкати русии “РусАЛ” рӯзи 9 июн иттилоъ дод, ки ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” бо пули корхонаи алюминиюми Тоҷикистон -ТАЛКО харидорӣ шудаанд.

Ин расона менависад, бо қарори додгоҳи Ню-Йорк аввали соли равон ширкати РусАЛ ба ҳуҷҷатҳое дастрасӣ пайдо кард, ки тибқи онҳо ҳудуди 100 миллион доллар даромади корхонаи давлатии ТАЛКО барои харидории ду Боинги 737 барои ширкати хусусии “Сомон Эйр” равона шудааст. Ин расона мегӯяд, интиқоли маблағ аз суратҳисоби “CDH Investments Corporation” аз моҳи июли соли 2008 то ноябри соли 2010 сурат гирифтааст.

“CDH Investments Corporation” ширкати миёнарав миёни ТАЛКО ва харидорони алюмний арзёбӣ мешавад, аммо ба гуфтаи масъулони ТАЛКО онҳо феълан бо ин ширкат иртиботе надоранд. Ин дар ҳолест, ки “Eurasianet.org” навиштааст, “CDH Investments Corporation” чун ТАЛКО ва “Сомон Эйр” аз ҷониби як шахс -- Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” назорат мешудааст.

Дар тасдиқи ин гуфтаҳо “Eurasianet.org” иттилоияҳои махфии собиқ сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гроссро овардааст, ки аз ҷониби Викиликс ифшо шуданд. Гросс дар ин иттилоияҳояш навиштааст, “Сомон Эйр” аз ҷониби Асадуллозода назорат мешавад. “Eurasianet.org” меафзояд, “Ориёнбонк” ва “Сомон Эйр” ба дархостҳои ин расона барои шарҳи қазия, аз ҷумла харидории ду Боинг ҷавоб надодааст.

Игор Сатторов, масъули робита бо ҷомеаи ТАЛКО ба “Eurasianet.org” аз ҳисоби ин ширкати давлатӣ харидорӣ шудани Боингҳоро барои “Сомон Эйр” рад кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки CDH, собиқ шарики ТАЛКО буда, феълан ҳеч иртиботе надоранд. Аммо ба навиштаи “Eurasianet.org” додгоҳи федералии Иёлоти Муттаҳида миёни ТАЛКО ва CDH равобити зич пайдо намуда, ба Русал ҳаққи дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои бонкии CDH-ро додааст. Ин расона аз қавли манбаи муътамадаш дар РусАЛ менависад, феълан вакилони ин ширкат ба омӯзиши ҳуҷҷатҳо машғул буда, интизор доранд, ки метавонанд, асрори зиёди марбут ба ТАЛКО-ро оммавӣ кунанд.

Масъулони РусАЛ изҳор доштаанд, ки аз иқдом зидди ТАЛКО барнамегарданд, аммо коршиносон мегӯянд, ин кор то замоне идома хоҳад кард, ки Кремл барои ақибнишинӣ дастур надиҳад. Инчунин, коршиносон таъкид мекунанд, Кремл метавонад, ин ҳолатро чун фишанги зидди Душанбе истифода кунад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан РусАЛ, яке аз ширкатҳои бузурги тавлидкунандаи алюминий дар ҷаҳон, бо пахши иттилоияе гуфт, Додгоҳи олии Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ба нафъи зерширкати РусАЛ - "Albaco" қарор бароварда, ҳукм кардааст, ки корпоратсияи сармоягузории СDH, шарики Талко, барои нақзи қарордод зимни интиқоли хокаи алюминий 70 миллион доллар ҷуброн пардозад. Дар иттилоия омада буд, ки ин қарор марбут ба таъмини хокаи алюминий барои Талко, корхонаи алюминийи Тоҷикистон аст, ки қаблан чун ТадАЗ маъруф будааст. РусАЛ мегӯяд, қаблан чунин қарорро Додгоҳи Швейтсария баровард, вале CDH, шарики Талко, иҷрои онро ба таъхир андохтааст.

Ин ширкати русиягӣ ҳушдор дода буд, дар сурати иҷро нашудани ҳукми додгоҳ аз роҳҳои дигари қонунӣ истифода карда, ҳатто имкон дорад, барои муфлис ё варшикаста эълон кардани корпоратсияи сармоягузории СDH, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, ба додгоҳи ин ҷазираҳо муроҷиат кунад. РусАЛ гуфта буд, тибқи талаботи эълони варшикастагӣ додгоҳ бояд рӯйхати суратҳисобҳо ва интиқоли пулии ин ширкатро ифшо намояд.


"Озодагон" дар сурати дарёфти назари расмии мақомоти ТАЛКО, Сомон-Эйр ва дигар корхонаҳои зикршуда онро нашр хоҳад кард
Мӯҳр
Хасан
Ин гапхо дар хакикат вокеият доранд, чун, ки як чанд мох пеш Чаноби оли ба кобинааш дастур дода буд,ки ба ТАЛКО кумак кунанд! Ва агар назар андозем коргархои Барки Точикхам то 5-6 мох мохонаашонро нагирифтаанд! Ана акнун диддем, ки пулхо аз кучо ба кучо баромада мерафтаст!

Ботур
ин барои банда чизи нав нест,барои чи? барои он,ки фарз кардем,ки мо донистем,ки пулҳои давлатиро барои тиҷоратҳои шахси истифода мебаранд баъд чи? оё ҳаст нафаре,додгоҳе,суде,прокуроре ё ҷамоате,ки иоро ҳисобот гираду ҷазо диҳад? ба андешаи ман не.

Мухаммад
Ин руссиях мехахад хама иншоотхои мухим ва стратегиро дар Точикистон аз худ кунад.Аз хукумати Точикистон мехохам,ки бо шиддат муковимат кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)