Бахшҳо

Ҷавлон тасдиқ кард, ки Усмоналӣ Шаҳболро латту кӯб намудааст (АКС)

Ҷавлон, сарбози қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар додгоҳ латту кӯб шудани Шаҳбол Мирзоев аз сӯи Усмоналӣ Ғайратовро тасдиқ кард. Ӯ ба ҳайси ҳамхидмати Шаҳбол ва шоҳиди асосии латту кӯбаш баъд аз зӯҳри 9 июн дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе баромад кард.

Ба қавли Ҷавлон, Шаҳбол Мирзоев шоми 6 марти соли ҷорӣ аз тарафи Усмоналӣ Ғайратов дар нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Ин сарбоз дар додгоҳ гуфт, Ғайратов дар утоқи тиббии қисми низомӣ менишаст ва вақте аз панҷара Шаҳболро мебинад, ӯро ба дохил даъват мекунад. Ба нақли Ҷавлон Ёриев “вақте Шаҳбол вориди утоқ шуд, Усмоналӣ ба ӯ гуфт, то ҳарду рӯйи худро дам кунад ва ҳамон замон як шаппотӣ зад.” Аз рӯи нақли Ҷавлон, Усмоналӣ баъд аз ин ба Шаҳбол пешниҳод мекунад, то бо ҳам гуштӣ бигиранд ва ҳарчанд Шаҳбол рад мекунад, Усмоналӣ ӯро ба замин ғалтонда ба шикамаш бо лагад мезанад.

Ҷавлон тасдиқ кард, ки Усмоналӣ Шаҳболро латту кӯб намудааст (АКС)Мурофиаи навбатии парвандаи латту кӯб шудани Шаҳбол Мирзоев 11 июни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. Аммо дар нимаи аввали мурофиаи 9 июн Фаррухи Сафаралӣ, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии 2620, гуфт, шоҳиди латту кӯби Шаҳбол ва ё гуштигирии ӯву Усмоналӣ набудааст. Фаррух афзуд, он шом машғули зарфшӯӣ буд ва вақте ба қисми тиббӣ омад, дид, ки Шаҳбол хобидааст.

“Аз ин рӯ, надидам, ки онҳо чӣ кор карданд. Фақат ҳангоми зарфшӯӣ шунидам, ки бачаҳо каме бо садои балдтар гап мезаданд”,-илова кард сарбоз. Фаррухи Сафаралӣ, ҳамхидмати Шаҳбол, дар додгоҳ гуфт, шоми 6 март Шаҳбол гӯиё барои дармони дарди дандонаш ба қисми тиббӣ омада будааст. Ба нақли ӯ, аслан он шаб Гулрафтор Ширинова дар қисми тиббӣ навбатдор буда, вале бидуни он ки ба касе чизе гӯяд, ба ҷои худ Усмоналиро гузошта, берун рафтааст ва танҳо субҳи дигар баргаштааст.

Ҷавлон тасдиқ кард, ки Усмоналӣ Шаҳболро латту кӯб намудааст (АКС)Фаррухи Сафаралӣ гуфт, субҳ Усмоналӣ Ғайратов ба ӯ гуфтааст, то дасти Шаҳболро масҳ кунад, ки дард дорад. “Вақте ба назди Шаҳбол рафтам, ӯ беист гиря мекард ва мегуфт, дасту гарданаш дард мекунад”,-нақл кард Фаррухи Сафаралӣ дар додгоҳ. Субҳи 9 июн ҳам барои назорати ҷараёни ин мурофиаи додгоҳӣ теъдоди зиёди одамон омада буданд, вале ба далели маризӣ Шаҳболу падараш натавонистанд ба мурофиаи биёянд. Онҳоро дар додгоҳ Бунёд Ёрматов, яке аз наздиконашон ва, инчунин, вакили мудофеъ Абдурҳамон Шарифов намояндагӣ доранд.

Парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ бар асоси моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шуда буд. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол, мегӯяд, Усмоналӣ Ғайратов барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи оинномаи рафтори сарбозон муттаҳам мешавад ва ҳамроҳи ӯ Гулрафтор Ширинова, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ширинова барои хунукназарӣ ҳангоми иҷро кор муттаҳам мешавад.

Ҷавлон тасдиқ кард, ки Усмоналӣ Шаҳболро латту кӯб намудааст (АКС)Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”

Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”
Мӯҳр
е
Маълум ки суд тарафи Гайратовро гирифта истодааст. Коре нашавад, ки худи Шахболро гунахкор бароранд.

Худо окибаташро ба хайр гардонад агар вазъ хаминхел рафтангирад Шахболро барои шапоти хурданаш гунахгор карда бадодгох мекашанд ин судияхо барои пул шуда канистутсияро мешикананд конунаш яктараф истад!

Аскар
Суд сума гирифт да бародаро, акнун худи Шахбол гунахкор мешавад ки ба хизмат рафтааст.

бечора шахбол якумри инвалид мешавад ин буккаро ки ин кадар зур будааст бояд 26 сол камаш шинонанд дар тюрьма.

Ба гунохи худ икрор шудани Усмонали Гайратов дар ходисаи лату куби Шахбол Мирзоев метавонад дар вакти мучозот ба ў каме сабуки бахшад. Охир оиди амали Усмонали Гайратов парвандаи чинои огоз шуда, тафтишот давом дорад, гунахгор бошад чазояшро мебинад. Хамаи ин хангомаю дасисаро чаро бар зидди генерал Рахмонали равон намудаанд, ки боиси афсуси ман аст. Аз худо битарсед, ин холат шояд ба сари шумо низ ояд.

Сиёвуш

Ман максад дорам, ки соли оянда, пас аз хатми мактаби миёна, ба омўзишгохи олии сархадии Точикистон дохил шуда, дар оянда химоятгари Ватан бошам. Баъзе аз дўстону рафиконам маслихат дода истодаанд, ки аз фикрам гардам, чунки ба акидаи онхо «дар армия тартибу низом нест ва сарбозон якдигарро латукўб мекунанд». Вале ман ба ин гуна овозахои дуруг бовари надорам ва аз фикрам намегардам, оянда сархадбон мешавам ва дигар чавононро низ даъват мекунам. Ман аз он ифтихор кардам, ки Кўшунхои сархади як кувва ва иттиходи бузургеро дар ин паради харби намоиш доданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)