Бахшҳо
09 июн 2014 12:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ВКД: Се рӯз ҳаракати мошинҳо дар Душанбе маҳдуд мешавад

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷараёни сафари расмии Андрис Берзинш – раиси ҷумҳури Латвия, ки рӯзҳои 9-11 июн дар назар аст, ҳаракати мошинҳо дар Душанбе маҳдуд хоҳад шуд.

Бар асоси иттилои ин ниҳод, рӯзи 9 июн аз соати 19:30-дақиқа то 21:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш то фурудгоҳ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Манбаъ мегӯяд, 10 июн аз соати 09:00 то 16:00 ҳаракати мошинҳо дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то Майдони 800-солагии Маскав, кӯчаи Шероз аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Ҷалол Икромӣ, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шероз муваққатан маҳдуд карда хоҳад шуд.

Инчунин, рӯзи 11 июн аз соати 08:30 то 11:00 ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то фурудгоҳ, хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Дӯстии Халқҳо аз кӯчаи Нисор Муҳаммад то хиёбони Айнӣ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ меафзоянд, тайи ин рӯзҳо ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кӯчаҳои Шотемур, Бухоро ва Мастонгулов истифода намоянд.
Мӯҳр
Нодон
Ман намефахмам хами мехмон ба ки даркору ки ба у кор дошта бошад, ки роххоро мебандан? Дар ягончо надидам рохора махкам карда бошан. Ай мардм метарсан ин президенто? мардм хамиёда чи кор дора, ки рахой мардма мебандан? Хай агар президента мардм интихоб када боша чида мегрезан ай мардм?
агар ма президент шам мерам да друни мардм мегардм. бовари дорм ки хами мардм ба ма ягон кор надоран. Барой ки бечорохо хамика праблемае доран ки дига парвои президенту вазиру пазир надоран.

ронанда
Ман як чизро нафахмидам хамин Точикистони мо шакли идора карданаш манархия аст ё ки (чумхурияви)

Амали ин шахсон гайри конуни аст, зеро, ки дар ягон конун ин хел меъёр вучуд надорад, ки хилофи конуни асоси давлат аст. НЕ ХАТТО КАРДАМ КОНСТИТУТСИЯ ХИЛОФИ ИН ХАРАКАТ АСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)