ВУХ: Сафари президенти Латвия ҳамкориҳои ду кишварро тақвият мебахшад
Сафари расмии Андрис Берзинш, раисиҷумҳури Латвия ба Тоҷикистон ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро тақвият мебахшад. Ин нуктаро Абдулфайз Атоев, сухангуи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баён доштааст.
Президенти Латвия бо сафари расмии дурӯза имрӯз, 9 июн вориди Душанбе мешавад. Ҷаноби Атоев афзуда, ки дар ҷараёни ин сафар Андрис Берзинш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олӣ мулоқот хоҳад кард.
Бино ба омори расмӣ, дар соли 2013 гардиши мол миёни Тоҷикистону Латвия беш аз 35 миллион долларро ташкил додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |