Бахшҳо

Ултиматум дар ҷои кор: Ё ҳиҷобро бигир, ё аз кор рав!

Ҳумайрои БАХТИЁР

Бибинисои Бадриддин, ки нуздаҳ сол дорад, тобистони 2013 барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ муваффақ нашуда буд. Ба қавли Бибинисо, аъзои кумисюни қабули Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санадҳои ӯро танҳо ба далели он ки ҳиҷоб доштааст, қабул накардаанд.

“Санадҳоямро ба дастам дода, гуфтанд, ки ҳиҷоб имкони идомаи таҳсилро бароям намедиҳад”,-нақл кард мусоҳиби мо. Бибинисо мегӯяд, ҳанӯз дар вақти мактабхониаш ӯро барои доштани ҳиҷоб хориҷ карда буданд, аммо баъд аз шикояти падару модараш дубора барқарор шуда буд. Ӯ имсол ҳам қасди шомил шудан ба донишгоҳро дорад.

Агарчӣ Тоҷикистон кишвари мусалмонист, аммо мақомот пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва дигар навъҳои пӯшиши исломиро дар ҷойҳои кории давлатӣ ва донишгоҳу мактабҳои миёна манъ кардаанд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам соли 2005 бо судури фармоне ҳузури духтарони ҳиҷобдор дар синфхонаҳоро мамнуъ карда, дар иваз либоси ягонаро пешниҳод карда буд.

Маҳмудхон Шоев, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мегӯяд, дар бахши маориф маҳдудият натанҳо барои ҳиҷоб, балки барои доманҳои кӯтоҳ ва либосҳои ҷилодор низ ҷорӣ шудааст. “Духтарон ҳиҷоби худро метавонанд берун аз муассисаи таълимӣ бипӯшанд. Маҳдудият танҳо барои пӯшидани он дар дохили синфхонаҳост. Дар берун озоданд”,-афзуд ӯ.

Мақомоти расмӣ иддао доранд, ки ҳиҷоб хоси фарҳанги тоҷикон набуда, аз берун омадааст. Маърифат Шокирова, масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, мегӯяд, “занони тоҷик бояд анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, аз фарҳанги бегона худдорӣ кунанд.” Дар Тоҷикистон танҳо ҷое, ки барои ҳиҷоб маҳдудият ҷорӣ нашудааст, ин Донишгоҳ ва мадрасаи исломист. Ин дар ҳолест, ки теъдоди мактабҳои динӣ назар ба мактабҳои дунявӣ кам аст. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон 6 мактаби динӣ ва 4 ҳазор мактаби дунявӣ фаъолият доштааст.

Ҳукумат дар ин маврид бештар аз таъсири гурӯҳҳое ба монанди “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ” ва Ҳаракати исломии Узбакистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо ба андешаи таҳлилгарон, аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, ҳукумат миёни шахсони мазҳабӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ бояд фарқ гузорад. Муллоҷонов муътақид аст, занони ҳиҷобдор дар маориф ва дигар корхонаҳои давлатӣ барои амният ҳеч хатаре надоранд.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива Плюс” ҳушдор аз он медиҳад, ки маҳдудиятҳои ҷорӣ метавонад боиси бар зидди давлат бархостани мардум гардад: “Монеасозӣ ва маҳдудият занонро водор мекунад, то дар талоши пайдо кардани роҳҳои дигари таҳсил бошанд. Ин амали ҳукумат боиси ҷудоихоҳии бештари ҷомеа мегардад.”

Дар баробари маҳдудияти идомаи таҳсил, занони ҳиҷобдор ҳамчунин барои пайдо кардани ҷойи кори давлатӣ низ монеа эҳсос мекунанд. Чунки дар аксар идораҳои давлатӣ корфармоён бастани ҳиҷобро барои занони коргар мамнӯъ эълон кардаанд. Як хонуми 28-сола, ки нахост номаш муаррифӣ шавад, гуфт, аз сабаби доштани ҳиҷоб эҳтимол ҷои корашро аз даст бидиҳад. “Ҳоло барои ман ултиматум гузоштанд, ки ё ҳиҷобро бигирам ва ё маро аз кор пеш мекунанд. Ман намедонам чӣ кор кунам, пайдо кардани ҷойи кор ҳам чандон осон нест”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
Точик
дигар макола нест ми? кимоб шудем аз хамин хичобу риш. хукумат хуб мекунад ки пеши рохи онхоро мегирад. имруз хичоб, пагох баъд бурка рузи дигар бошад бомба.

Яъкуб. Душанбешахр.
Ахсан ба хохари Исломи.Хичоб ин фармудаи Оллох хаст бояд итоат кард.Хичобро айбу шарм надошта фарханги бегона мегуянд,ки максад танхо пушонидани пеши бару муи сар хаст,ки гузаштагони мо хамеша чунин русари мекардан. Собик Шурави бо онкадар фишорхо муваффак нашуданд,ки руймолу эзори хохарону модарони моро гиранду инон хайёл кардаанд муваффак мешаванд?Бо он шиорхои беасос (ин фарханги бегона хаст)асло муваффак намешанд.Чан сол пеш дар Амрико ки( Ислом дуст намедоранд)як хохари Исломиро аз корхона ронданд ин хохар раиси он идораро ба додгох кашиду миллионхо доллар зарари маънави додгох ба фоидаи ин хохар хукм баровард.Хонум О.Бобоназарова дуруст гуфтанд,ки окибати зиддидини ба рехтани мардум ба хиёбонхо мебарад....

Салом
Дар донишгохои Точикистон аслан хеч таълиме нест бояд одами диндору имон дор умрашро дар он чои фасод нагузаронад

Беном
Шумораи онҳое, ки ба донишгоҳ бо ҳиҷоб меоянд, каманд, вале духатарони бо миниюбка меомада бисёранд. Агар дар 1 факултет 10-15 духтари боҳиҷоб бошад, 80-100 нафари дигар бо минюбкаҳои тангу доманҳои кӯтоҳ ба дарс меоянд. Духтарони "со времени" ба дарс медароянду духтарони боҳиҷоб не. Чаро даромадани духтари боҳиҷоб ба дарс мамнуъ будаасту, духтаре, ки бо доманҳои кӯтоҳ меояд ба дарс даромаданаш мумкин? Кадоме аз инҳо ҷамъиятро вайрон мекунанд?? каодме аз ин либосҳо ба анъанаи либоспӯшии мо наздикӣ доард??

Душанбе аз мани
Либосе, ки Ту дар тан дори Маърифат Шокирова, магар либоси милли хисобида мешавад ?

Дилшод
Марг бар чунин конун.Сохиби духтар ман бошаму як маориф бо конунхои пуч чигуна духтари ман либос пушиданашро ичозат дихат?

1
Маърифат Шокирова, масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, мегӯяд,“занони тоҷик бояд анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, аз фарҳанги бегона худдорӣ кунанд.”

Либосхои нимуриёне, ки духтархо дар макотиби миёнаву оли мепушанд ва хеч кас ба онхо монеъа эчод намекунад, магар либосхои милли мо хастанд? Кумитаи занон барои бехтар кардани шароити занон умуман кореро ба анчом нарасонидааст. Баъзан хайрон мешавам охир ба ки лозим чунин кумита? Занонро бо бахонаи хичоб аз илмомузи мунхариф мекунанд, лекин ин кумита парвое надорад. Аз андози занхо маош мегиред, пас барояшон кораке анчом дихед, то он пулро халол кунед.

Салом. Хар як шахс бояд худашро шиносад пеш аз он, ки ба Аврупову, ба Арабу ба Эрони таклид мекунад. Мо пеш аз хама Точикем ва фарханги точики дорем. Барои хар як зани точик либоси точики аз хама зебанда аст. Барои чи мо ба эрониву ба арабу ба аврупои таклид кунем??? Барои чи эрони араби аврупои либоси точикии моро намепушаду мо аз онхоро пушем??? Аслан мардуми Точикистон дар мазхаби эмоми Аъзам хастем, ки у мегуяд: Дар дин ягон чиз ва ягон кор барои мусалмони хакики мачбури нест. Дар дин хама озод аст. Мусалмони хакики он касест, ки худоро дар дилаш дуст медорад. Мусалмони хакики на он касест, хичоб мебандаду сатр меандозаду намоз мехонад. мусалмони хакики он касест, ки дили пок дорад, нияти нек дорад, ба мардум хуби мехохад ва бо дилаш худоро дуст медорад...Озодагон илтимос чоп кунед....

Точик
Бовар кунед бародаро, дар мамлакати Руссия мехонам, дар хамин донишгохй мо духтаронеро дидам кй бо хичоб дарс меоянд. Аммо дар Точикистон, кй 99% мусаллмон аст инро манъ мекунанд.

- Ое Оллох вучуд дорад?
Албатта мегуянд хама!!
- Пас аз кучо фахмиди е бовари дори ки Худованд вучуд дорад?
Аз куръону хадисхои паембар (с.а.с).
Пас чаро ба куръон итоат намекуни? Куръоне, ки дар ончо фарз будани хичобро оварда шудааст.
Макул нест? Пас зану модару хохару апахоятро миниюбка пушонда мон, ки дигаро хавас баранд. Саломат бош!!!

Вой бар холи шумо барин мусалмонони озод,маании озоди дар динро ту чи фахми,магар мешад ки дар конуне ки имруз конститутсия барои мо муаян кардааст,ту хилофи конун амал куни ва ту бе мучозот мони,дини худо хам конуни худро дорад,ки худованд, дар курон муайян намудааст,он сатре,ки ба шумо намефорад,ин амри парвардгораст,ва инкоркунандаи ин амри аллох дар рузи киемат дар назди сохиби конун чввоб мегуяд,аз худо битаосед!

дили пок
Дили пок,нияти нек,гапой абу ханифа неву ай зардушт шуд ку балам

Рустам
Мухтарам шахсоне, ки чи гапе шавад, миниюпкапушонро мисол меоваранд, гуфтаниам, ки чанд арусе дорам хамаашон сатрпушанд, баъд чи?

Пифагор
Баъзан вакт дар кучаву хиёбонхо назар мекуни ба либоспушии мардуми Точика марду занхо, албатта беихтиёр ба андеша фуру мерави. Наход ки дар таърихи чандин хазорсолахо, як миллати куханбунёд ба мисли Точик хануз либоси ягонае чи барои зан ва чи барои мард тахрези накард, ки кобили кабули хамаи Точикон бошад. Ачоибаш дар он аст, ки Коммунистхои Атейст дар давраи режими бехудоиашон ба либосхое, ки модару ховари Точик мепушид коре надошт. Имруз мебинем, ки Точикистони озод аз пушидани либосхое, ки ба фарханги мо бегона пуштибони мекунад, аммо бо либосхое, ки зани точикро ба хар хол як симои фариштаги ва хусну тароват мебахшад, ки хакки арзишхои милли ва диниаш хаст монеа месозем. Ман дар назар надорам хичобе, ки ба монанди ЛИНЗА занхо худро панох мекунанд, ки ин хоси миллати мо набуд. Ман ба хотири хамон либосхои оддии руимол, ки муи сарри занро мепушонид ва куртахои мукаррарие, ки байни марду зан фарк мегузошт арч бояд гузошт.

порсо
кори мактабу маориф дуруст аст е хичоб е мактаб мархамат бо хичоб ба мадрасайи исломи е ба арабзамин инчо сарзамини зардуштиен аст на арабу арабпарастон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)