ФМС: Қариб нисфи сохтмончиёни “Москва-сити” муҳоҷирони ғайриқонунӣ будаанд

Беш аз 180 сохтмончии “Москва-сити” бидуни иҷозаи кор фаъолият доштаанд. Ин нуктаро Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русиё ё ФМС хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 400 шаҳрванди хориҷии дар ин сохтмон кормекарда, 180 тани онҳо иҷозаи кор надоштаанд. Ин муҳоҷиронро депорт аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Ҳамчунин онҳо давоми панҷ соли оянда ҳаққи ба он кишвар рафтанро нахоҳанд дошт. “Фаъолияти сохтмончиёни дигар қонунӣ будааст. Нисбат ба онҳое, ки муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба кор гирифтаанд, чораҷӯи хоҳад шуд”,-хабар додааст ФМС.
Аммо иттилоъ дода нашудааст, ки миёни ин муҳоҷирон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё не. 26 май дар назди “Москва Сити” миёни муҳоҷирони корӣ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Расонаҳои русӣ навиштанд, ки муноқиша миёни тоҷикон ва узбакҳое, ки дар ин иншоот кор мекардаанд сар задааст, аммо сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, дар ин задухӯрд ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон ширкат накардааст. Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия бошад, дар шарҳи қазия ба расонаҳои русӣ гуфтааст, онҷо тоҷикҳо низ будаанд. Ӯ афзуда, муноқиша барои ҷои кори беҳтар сар задааст, ки яке мехостааст онро соҳиб шавад, вале масъулини турк онро ба дувумӣ додаанд: “Чунин задухӯрдҳо дар сохтмонҳои Маскав зиёд рух медиҳанд, аммо на аз ҳамаашон омма хабардор мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |