Боздошти Садам аз Мастчоҳ пеш аз пайвастанаш ба Толибон
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Садам Қудусов, сокини 22-солаи Мастчоҳ, хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо, қасд доштааст, ба назди Толибон рафта, дар ҷиҳод иштирок кунад. То ҳол наздиконаш ин воқеаро шарҳ надода, нагуфтаанд, асли қазия чист ва Садам чӣ мехост.
Боздошти ин сокини Мастчоҳ аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сурат гирифтааст. ОНҳо мегӯянд, Садам қасд доштааст, марзро ғайриқонунӣ убур карда, ба Афғонистон биравад. “Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Садам Қудусов (соли таваллудаш 1992), сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ дастгир карда шуд. Муайян карда шуд, ки дастгиршуда бо мақсади ҷиҳод намудан барои шомил шудан ба ҳайати гурӯҳи Толибон ба ноҳияи Панҷ омада, мехост аз ҳудуди ноҳияи мазкур ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур намуда, ба қаламрави Афғонистон гузарад”,-омаадааст дар иттилоияи расмии Вазорати умури дохилӣ.
Ба қавли мақомот, ҳоло нисбат ба ин ҳодиса парванда ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |