Дар аксари маҳофил ин ҳарфҳо садо медиҳанд, ки Тоҷикистон ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунии кишвар, лидери арзанда ё шинохта надорад. То куҷо мешавад, бо ин андеша розӣ шуд? Оё Шумо дар баробари Эмомалӣ Раҳмон лидери дигареро мешиносед? “Озодагон” посухи ин суолро аз баъзе вакилони парлумону коршиносон ва хабарнигорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пурсид, ки посухашон инҷост:
Сӯҳроб ШАРИФОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон:
“Дар ҳоли ҳозир ҳам аз ҷиҳати обрӯи сиёсӣ ҳам аз ҷиҳати таъсир ба тафаккури мардум ва ҳам аз ҷиҳати меҳру муҳаббати халқ монанди Эмомалӣ Раҳмон лидери дигаре дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва баробари ӯ ҳам шуда наметавонад. Албатта, ҳастанд ҷавонони лаёқатманде, ки дар сатҳи ҳукумат кор мекунанд ва дар оянда метавонанд ба лидерони қавӣ табдил шаванд. Интихоботи президентӣ ҳам нишон дод, ки чунин лидер мисли Раҳмон нест. Мо ҳаракат мекунем, ки ҳам за ҷиҳати дониш ҳам малака ва ҳам манофеи давлатӣ лидери нав пайдо шавад. Ҳарчанд сиёсатмадорони феълӣ лидерони сиёсӣ ҳастанд, вале сатҳи маҳбубияту донишу авторитети сиёсии камтар доранд. Мумкин дар интихоботи оянда онҳо пухтатар шаванд. Шумо, кормандони ВАО, ҳам бояд мардумро бо ҷаҳонбиниву тафаккури онҳо шинос кунед. Албатта, онҳо ҳам бояд болои худ кор кунанд, то сиёсатмадор дар сатҳи ҷумҳуриявӣ шаванд.”
Сафват БУРҲОНОВ, журналист:
“Тоҷикистон умуман лидер надорад. Лидер ин паровоз аст. Дар мо вагон бисёр асту паровоз нест. Барои ҳамин, дар як ҷо истодаем. Агар Раҳмонро лидер меҳисобиданд, магар манзураш намекарданд? Аз куҷост ин ҳама фасоду бадкорӣ? Аз белидерӣ!”
Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия:
“Бо боварии комил гуфта метавонам, ки нафарони арзанда хеле зиёд ҳастанд! Чун онҳо медонанд, ки ҳукумати амалкунанда тавони рақобати сиёсӣ надорад ва рӯ ба рӯи ҳарифони сиёсии тахминиаш зулми беандозаеро роҳандозӣ мекунаду дар натиҷа метавонанд, бегуноҳон ҳам ҷабр бинанд, он нафарон кӯшиш мекунанд "аз бинӣ боло гап назананд". Агар тарси ҳукумат ва андешаву сабри ғайриҳукуматиён то ин дараҷа намебуд, ҳоло мардум интихоби хубе медошт! Такрор мекунам: дар Тоҷикистон шахсиятҳои сазовору сиёсатмадорони сатҳи байналхалқӣ ҳастанд! Чӣ кунем, ки зулм бар сари Зайд Саид, қонуншиканиҳои бемантиқу бемаънии бесобиқа дар интихоботи президентӣ, таъқиби рӯзноманигорон ва ҳатто туҳматҳову таҳдидҳо ба тоҷикони бурунмарзӣ то ҷое расида, ки мардум аз ҳар кори нек ҳазар мекунанд ва албатта ин ҳолат дар ташаккули лидерони пешрафтаи миллӣ таъсири манфӣ мерасонад.”
Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Рост гӯям, умуман ба сиёсат сару кор надорам. Сабаб он аст, ки сиёсат ба фикри банда он қадар фаъолияти хубе нест. Ба сиёсатмадорон бовар надорам. Дар гуфтор хеле қавӣ ҳастанд, вале дар амал кулли онҳо танҳо манфиатҷӯянд. Фикри мардумро намекунанд. Дар Тоҷикистон ягона лидер Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ мардуми тоҷикро аз бисёр вартаҳо раҳо намуд. Шахсе, ки ба ӯ рақобат намояд, нест. Дигар лидерҳоро медонам, вале онҳо имиҷи Тоҷикистонро муаррифӣ наменамоянд.”
Алим ШЕРЗАМОНОВ, раҳбари ҲСДТ дар Бадахшон:
“Лидер дар як он пайдо мешавад. Хатои мо маҳз дар ҳамин аст, ки дар ҷустуҷӯи лидер ҳастем. Ҳар қадар лидер хирадманд ва адолатпеша бошад ҳам, то система насозем, лидер худаш хатар эҷод мекунад. Ҳамаи пайғамбарон бар зидди буттарошӣ мубориза мебурданд. Мо боз хоҳони бути нав ҳастем. То он ҳангом дарк накунем, ки мо муваззафем дар назди имрӯзу фардои ватани худ, то масъулияти шахсиро дарк накунем, то ҳар яки мо дар ҷои худ бо мавқеи худ, истодагарӣ накунем ва шаъни инсонии худамонро эҳтиром накунем, ҳеч лидере моро аз вартаи нобудӣ наҷот нахоҳад дод. Ва агар чунин ҷомеаеро бунёд кунем, ҳар яки мо лидер хоҳад шуд.”
Хуршеди АТОВУЛЛО, сардабири "Фараж":
“Лидер зиёд аст, вале бо ин ё он сабаб зиёде аз онҳо барои мардум муаррифӣ нашудаанд. Ононе, ки то андозае хостанд, худро муаррифӣ кунанд, бо ин ё он баҳона ё сабаб, ё пушти панҷара рафтаанд ё тарки кишвар кардаанд. Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон дар айни замон муаррифишудатарин ва ошнотарин чеҳра дар кишвар боқӣ мемонад.”
Ҳуриннисо ҒАФФОРЗОДА, роҳбари Маркази "Оштии Миллӣ":
“Дар баробари раиси ҷумҳури имрӯзи кишвар, бале, лидерони дигаре арзи вуҷуд доранд. Кишваре бо аҳолии зиёда аз 8 миллион наметавонад танҳо як лидер дошта бошад. Вале мавзуъ сари он аст, ки то кадом андоза лидерони маҳбуб дорем, то инки халқ аз дунболи онҳо равад. Нисбат ба ҳозир, солҳои 90-ум то 2000 фикр дорам лидерони шинохта доштем, ки метавонистем эътимод дошта бошем ба онҳо. Аммо имрӯз он ситораи фурӯзони лидери миллиро дар ягон ҳизби сиёсӣ ва қишри ҷомеа надида истодаам. Рӯз то рӯз мо дорем ба се қисм ҷудо мешавем. 1) Гуруҳи "демоктратхоҳони ғарбгаро" дорем, ки аксари онҳо таҳсилкардаҳои он кишварҳо ҳастанд ва фарзандони имрӯза "элитаи давлатӣ мебошанд". Арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва пешравии кишвар барояшон ҳеч аст. Танҳо барои устувории сарвату сармояи худ кор мекунанд. Раванди бештари муҳоҷирати меҳнатӣ аз насли нав, ки қувваи кории асосиро ташкил мекунад, ба манфати ин гуруҳ аст. Чун барои ин гуруҳ миллати бесаводу корҷӯянда лозим аст, на корфармо! 2) Гуруҳи дигари мо дорад бошиддат мазҳабӣ мегардад, ки мутаассифона таҳкурсии дурусти исломӣ надорад, ҳама чиз кӯркӯрона ва намоишкорона аст. Аз ин вазъ дигар равандҳо истифода мекунанд. Ин гуруҳ дар ҳоли ҳозир дар печутоби бархӯрдҳои дохилии худ банд аст. 3) Гуруҳи бо ном элитаи миллӣ ва илмии мост, ки мутаассифона дар муқобили раванди шиддатнокии ҷомеаи имрӯз, қобилияти ҷиддии таъсиррасонии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварро надоранд. Ин гуруҳҳо дар муқобили ҳамдигар таҳаммулпазирона муносибат намекунанд. Ин гуруҳҳо лидерони худро доранд, аммо симои аслии миллии лидеронро вақт муайян мекунад. Дар Тоҷикистон лидерони нав доранд арзи вуҷуд мекунад, ки ба ин замони имрӯз поягузорӣ мекунад. Шеваи ин лидерон майл ба куҷо дорад, аз мактабҳои сиёсиашон об мехурад. Тоҷикистон интизори арзандатарин лидерони нав аст!”