“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)
Субҳи шанбеи 7 июн бо вуҷуди бориши борон дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон “занги охир” баргузор шуд. Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ин ҷашн барои бештар аз 103 ҳазор хатмкунанда, ки 44 ҳазорашонро духтарон ташкил медиҳанд, ҳамагӣ 45 дақиқа идома кард
Қаблан вазорат дар рӯзи занги камолот тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро қатъиян манъ карда буд. Бо ин вуҷуд, аксари хатмкунандагон дар дасти худ гулҳу туҳфаҳо доштанд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ҳам дар ду ҳафтаи пеш дар намози ҷумъа аз сокинони кишвар хоста буд, садди роҳи ҳаромкорию исрофкории фарзандонашон дар Рӯзи занги камолот шаванд. Ӯ гуфт, дар баробари талошҳои раҳбари давлату ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фисқу фуҷур ва ҳаромкорию исрофкорӣ дар Рӯзи занги камолот падару модарон низ набояд бетараф бошанд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ изҳор дошт, “солҳои пешин мо шоҳиди хароҷоти зиёд ва исрофкориҳо дар ин ҷашн будем, бахусус дар ин рӯз бисёр фисқу фуҷур рух медод. Набояд фаромӯш кард, комёбии фарзанд дар он нест, ки 11 сол хонаду ҷашн гирад ва ба исрофкорию ҳаромкорӣ даст бизинад, комёбии ӯ замонест, ки воқеан хонда бошаду саводу ахлоқи хуб дошта бошад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |