Мамитов баъд аз чанд моҳи бемансабӣ раиси “Тилои Қирғизистон” шуд
Тоқон Мамитов, собиқ муовини нахуствазири Қирғизистон, ки номаш баъд аз тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз бештар расонаӣ шуд, раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи тилои кишвараш -- “Киргизалтин” таъин шудааст.
Мамитов дар ҳайати ҳукумати пешини Қирғизистон симати ноиби нахуствазир ва вазири дифои кишварашро дар ихтиёр дошт, вале баъди ба истеъфо рафтани ҳукумат дубора ба ҳайати нав роҳ наёфт. Ӯро дар ин мақом Абдураҳмон Маматалиев - номзад аз фраксияи “Ору номус” иваз намуд.
Тоқон Мамитов, ки моҳҳои охир роҳбарии ҳайати Қирғизистонро дар гуфтушунидҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба уҳда дошт ва бо изҳороти тундаш нисбат ба мақомоти тоҷик вирди забонҳо буд. Бархе аз масъулини қирғиз шиддат ёфтани муносиботи Тоҷикистону Қирғизистонро дар моҳҳои охири соли гузашта низ лаҳни тунди Мамитов ҳангоми гуфтушунидҳо бо мақомоти тоҷик рабт дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |