Посбони осоишгоҳ дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона посбони 19-солаи осоишгоҳи “Самиг”-и ноҳияи Ваҳдатро боздошт намудааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти ВУД, боздоштшуда Маҳмадрасул Солеҳов рӯзи 4 июн ба ивази 100 сомонӣ ба шаҳрвандон – Сайидраҳмон Ҳасанов (соли таваллудаш 1983), Раҷабалӣ Маҳмудов (соли таваллудаш 1990) ва як сокини 28-солаи ноҳияи Темурмалик барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз пештар Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, бо баргузории ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши фоҳишагарию даллагӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, дастур дод, барои ҷилавгирии фаҳшу фасод рейдҳои махсус роҳандозӣ шаванд.
Вазири тоҷик таъкид намудааст, тамоми афроде, ки ба мақомоти умури дохилӣ вобаста ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастрас карда мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои олоти таносул, ба монанди масунияти норасоии бадан (ВИЧ-СПИД), оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои дигари ҷинсӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд.
“Ҳамзамон изи ангуштони онҳо гирифта шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд”,-афзудааст ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |