Ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар СИЗО-и Маскав
Расонаҳои русӣ аз ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбасхонаи шаҳри Маскав хабар медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, ин маҳбуси тоҷик баъд аз як рӯзи маҳкум шудан ба муддати тӯлонӣ худро ба дор овехтааст. Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба суханони манбаи худ дар мақомоти қудратии Русия навиштааст, ин шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон гӯиё ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир паси панҷара рафта буд.
Ҷасади ин маҳбуси тоҷик дар яке аз утоқҳои боздоштгоҳи муваққатӣ пайдо шуда, ба эҳтимоли қавӣ худро тавассути куртааш ба дор овехтааст. Аммо масъулини Кумитаи тафтишотии федеролии Русия дар суҳбат бо расонаҳо ин хабарро тасдиқ накардаанд. Дар бораи ному насаб ва ба чанд соли зиндон равона шудани ин шаҳрванди кишвар низ чизе дар расонаҳо наомадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |