Бахшҳо
05 июн 2014 17:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Подоши Юлдошев барои ёфтани кӯзаи пур аз танга дар Истаравшан

Давлат ба Холбек Юлдошев, сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан, ки моҳи апрели соли ҷорӣ кўзаи қадимии пур аз танга ёфта буд, 2 ҳазору 918 сомонӣ мукофотпулӣ додааст. Ин дар ҳолест, ки кӯзаи ёфтаи Юлдошев ҳомили 1 ҳазору 459 тангаи мисин буда, ба гуфтаи Мансур Бойматов, масъули Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ба асри XVI, яъне давраи Шайбониён, муталлиқ мебошад.

"Мувофиқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои меросӣ, таърихию фарҳангӣ», ба Холбек Юлдошев - сокини шаҳри Истаравшан, аз 1 ҳазору 459 тангаи мисини дарёфтнамудааш, ҳамчун подош аз арзиши умумии тангаҳо 20% ё худ 2 ҳазору 918 сомонии он пардохт карда мешавад",-афзуд номбурда.

Ин сокини Истаравшан ҳангоми бунёди манзили истиқоматӣ дар маҳаллаи Калламанори шаҳри Истаравшан кӯзаи пурганҷеро ёфт, ки 1459 тангаи қадимии мисин дошт. Он ҳангоми аз зери хок берун овардан, каме шикастааст, вале тангаҳои он бошад, осебе надидаанд. Баъдан, онро барои ташхис ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд супорида буд.
Мӯҳр
Душанбеги
Офарин, Холбек!

Ali
Narkhi in tangaho ba chi kimmat mearzida boshad ba u chunin mablagro dodan lozim bud. Dar digar kishvarho chunin ast.

Darvesh
Hamu kuzara mada medodi 15 yo 20000$ medodumut. O bachahaki beaqli Istaravshani!!!

ali
Холбеки беакл...

Додарам Холбек баъзехо ин чо шухи кардаанд, ки мегуянд "Hamu kuzara mada medodi 15 yo 20000$ medodumut. O bachahaki beaqli Istaravshani!!! ва ё "Холбеки беакл..." нашавад, ки ин дафъа ёбию надихи! smile

Аз кадом ҳисоб ба як ҳазору чорсад тангаи мисин ин тавр нархгузорӣ кардаанд, ки 20% он 2918 сомонӣ шуда бошад? Пас нархи ҳамаи тангаҳоро ба 15 000 сомонӣ (2918 (3000) Х 5 = 15000 сомонӣ арзёбӣ кардаанд? Он тангаҳои қадимаи мисин (?) бояд бебаҳо бошанд. Он тангаҳои дар акс буда бештар ба тилло монанданд. Агар ин дақиқ гардад, Юлдошев бояд боз подоши иловагӣ гирад. Воқеан, ин 20% маблағ фақат дар қаламрави собиқ Шӯравӣ "қонунӣ" шудааст. Агар дар дигар давлат ганҷ ёбӣ, он пурра аз худат мешавад. Фақат аз он андоз месупорӣ. Қонунҳои Тоҷқикистон кӯҳна шудаанд ва бояд тағйир ёбанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)