Бахшҳо

VIDEO: Баҳси доғи Кабирӣ, Шарифов ва Шабдолов бо Маҳмудзода дар парлумон

Ҳумайрои БАХТИЁР

Масъалаи хусусӣ кардани манзилҳои давлатие, ки ба додрасҳои Додгоҳи Қонуни асосӣ (Суди конститутсионӣ)-и Тоҷикистон дода мешавад, баҳси доғеро дар Маҷлиси Намояндагон барпо кард. Иддае аз вакилон бар хилофи ин пешниҳод баромада, онро мухолифи қонунҳои ҷории кишвар донистанд. Ин баҳс рӯзи 4 июн, ҳангоми ворид кардани ислоҳу тағйирот ба қонун дар бораи Додгоҳи Қонуни асосӣ, доир шуд.

VIDEO: Баҳси доғи Кабирӣ, Шарифов ва Шабдолов бо Маҳмудзода дар парлумонМаҳкам Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, ҳангоми муаррифии тарҳи иловаҳо гуфт, ки то ин дам ба қонуни мазкур 132 тағйиру илова ворид карда шудааст, ки он ба рушди демократии кишвар мусоидат мекунад. Ҷаноби Маҳмудзода дар ҳузури вакилони мардумӣ афзуд, “яке аз моддаҳои аслӣ ва нав ин аст, ки иҷоза дода мешавад, то аз ҷараёни мурофиаҳо садо, акс, навор ва дар ҳолатҳои дигар пахши мустақим бошад. Қаблан чунин як банди қонун вуҷуд надошта, танҳо иҷозаи сабти садо буд.”

БАҲСИ ХОНАИ ДАВЛАТӢ

Маҳкам Маҳмудзода мегӯяд, ин тағйирот бо ҳадафи фароҳам овардани шароит, огоҳ ва дастрас кардани мардум бо қарору таъиноти Додгоҳи Қонуни асосӣ мебошад. Ба қавли ӯ, 7 додраси ин додгоҳ аз имтиёзҳое, ба монанди истифодаи телефон, пардохти баъзе аз таъминоти иҷтимоӣ, истифодаи нақлиёт, таъмини нафақаи касбӣ ва манзили бепул бархӯрдор ҳастанд. Ҷаноби Маҳмудзода бо ишора ба таҳрири нави қонун дар бораи Додгоҳи конститутсионӣ гуфт, ҳар додрас баъд аз даҳ соли ифои вазифа метавонад, манзили зисти давлатиро шахсӣ гардонад.

VIDEO: Баҳси доғи Кабирӣ, Шарифов ва Шабдолов бо Маҳмудзода дар парлумонСӯҳроб Шарифов, вакили парлумон, аз чунин имтиёзи додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ҳеч зарурате барои қабули қисми 2-и моддаи 68 намебинад: “Барои чӣ хонаи истиқоматӣ баъд аз 10 сол бепул ҳамчун моликияти шахсии додрас бояд шавад? Ин дар кадом асос? Оё қонунгузории Тоҷикистон чунин имконият додааст, ки мансабдорон метавонанд манзилҳои давлатиро хусусӣ гардонанд? Мо, вакилон, медонем ва ин масъаларо чанд бор ба баҳс гирифта будем. Ин муқобили қонуни амалкунанда нест?”



БАРОБАРИИ ДОДРАСҲО БО ҚАҲРАМОНҲО

Ҷаноби Шарифов аз он тааҷҷуб кард, ки муаллифони таҳрири нави қонун “Дар бораи Додгоҳи конститутсионӣ” шароити моддиву молиявии додрасҳои ин додгоҳро ба қаҳрамонҳои кишвар баробар кардаанд. Дар ҷавоб Маҳкам Маҳмудзода гуфт, имтиёзҳо ба додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ ба хотири ба даст овардани адолату устуворӣ ва таъмини дахлнопазирии онҳо пешбиниӣ карда шудааст. “Додрас бояд кафолати иҷтимоӣ дошта бошад”,-таъкид дошт ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз додани имтиёз ба додрасҳои Додгоҳи Қонуни асосӣ дастгирӣ намуда гуфт, “теъдоди онҳо хеле кам аст. Додраси Додгоҳи конститутсионӣ мақоми хеле баланд аст. Онҳо бояд шароит дошта бошанд. Агар давлат тавонад, чунин шароитро фароҳам созад, хеле хуб аст.”

ҶОНИБДОРӢ ВА СУОЛИ КАБИРӢ

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, гуфт, аз қонун ва додани имтиёз ба ин додрасҳо ҷонибдорӣ мекунад. Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, як додрас кафолати иҷтимоӣ дошта бошад, то тавонад қарорҳои мустақил ва бетарафона барорад. Раиси ҲНИТ бо ишора ба таҷрубаи додгоҳҳои конститутсионии кишварҳои дигар гуфт, онҳо қарорҳое мебароранд, ки воқеан ҷасорат мехоҳад. “Аммо дар таҷрубаи Тоҷикистон чунин набуд. Чаро, магар шикояткунандаҳо далели кофӣ надоштанд, ки Шумо қонеъ кунед? Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳоло шикоят нисбат ба қарорҳои додгоҳӣ хеле зиёд аст. Шояд мисол меовардед, ки чанд бор даъво, шикоятҳои шаҳрвандон ва ё ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ алайҳи мақомоти ҳукуматӣ қонеъ шуда, қароре қабул шудааст, ки мустақилияти додгоҳи конститутсиониро исбот карда бошад?”

VIDEO: Баҳси доғи Кабирӣ, Шарифов ва Шабдолов бо Маҳмудзода дар парлумонДар посух ба ин пурсишҳои Муҳиддин Кабирӣ раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ гуфт, дар таҷрубаи худ ин додгоҳ чанде аз қарорҳоро рад кардааст. Маҳкам Маҳмудзода гуфт, давоми фаъолият онҳо 11 қарори додгоҳӣ баровардаанд, ки он аз қонун то қарору низомномаҳои вазорату ниҳодҳои давлатиро бекор кардааст: “Дар ҳамин 5 соле, ки ман роҳбар ҳастам, ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, додрасҳо, ҳизбҳои сиёсӣ муроҷиат карданд. ҲНИТ расман ду бор ба мо муроҷиат кард. Дар як ҳолат мо қарори додгоҳӣ қабул карда, дафъаи дувум таъинот қабул кардем. Додгоҳи конститутсионӣ барои он нест, ки тамоми қарору қонунҳоро рад кунад.”

Маҳкам Маҳмудзода афзуд, салоҳияти Додгоҳи конститутсионӣ ин муаяйн кардани меъёрҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ ба Сарқонун мебошад. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, ҳам дар навбати худ аз Маҳкам Маҳмудзода суол кард, ки қонуни амалкунандаи Додгоҳи конститутсионӣ чӣ камбуд дошт ва оё ин қонун дар таҳрири нав барои ҳалли мунсифонаи баҳсҳои додгоҳӣ замина хоҳад гузошт, ё на?

Маҳкам Маҳмудзода дар ҷавоб ба ин саволи вакили парлумон гуфт, давоми 5 соли охир ба Додгоҳи конститутсионӣ 2 ҳазор муроҷиат аз ҷониби чанд субъект ворид шудааст. Дар ин муроҷиат масъалаҳое мондаанд, ки мо ҳаллу фасл мекардем, аммо қонуни мо ба он иҷоза намедод: “Ҳоло бо таҳрири нав мо шароитро беҳтар мекунем, чун масъалаи мурофиаҳои додгоҳӣ такмил ёфтанд. Ҳамакнун имконият ҳаст, то дар мурофиа коршинос, тарҷумон ширкат дошта, аз рафти он садо, акс ва навор бардошта шавад, ки ин қаблан набуд.”

Дар идома Маҳкам Маҳмудзода ба нигаронии вакилон ва ишора нагардидани шаҳрвандии додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ гуфт, ин ҷойи баҳсе нест. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудзода, қонунгузории кишвар пешбинӣ кардааст, ки тамоми мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон таъин карда мешаванд.
Мӯҳр
эх Шарипов..шумо хаелпарасти адолатхох хастед...дахсолахо барои чаноби Оли кор мекунед...манфиатхои миллиро химоя мекунед...на дар доред на хона...Кабири бой аст...Шабдолов давраи совети хона гирифт...онхо тинчанд...о хомуш истед..мебинед ки ба шумо них хонаи хизматиатонро тухфа мекунанд....шумо бошед устод мукобили манфиатхои худ баромад мекунед...эх адолатхохон...

Ин додрасхои муфтхур чи корнамои нишон дода бошанд,ки дилашон баъди 10 соли маоши муфтро хурдан боз хонаи бепул мехостааст. Ин Шукурчонро миёнаш дард кардааст, барои у фарк надорад, зеро аз авлоду ачдоди ин ягон нафар андозсупорандаи асоси нест. Додрасхои Додгохи конститутсиони! Шумо аввал чинояткореро, ки сарзамини Точиконро ба Чин фурухт чазо дихед баъд арзандаи сохиби хонаи муфт мегардед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)