Бахшҳо

Кумитаи дин болоравии нархи Ҳаҷро "айб"-и доллар донист

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки арзиши хизматрасониҳо дар мавсими имсолаи Ҳаҷ 539 сомонӣ боло рафта, 18 ҳазору 164 сомониро ташкил медиҳад.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, нархи нав дар натиҷаи тавофуқ ва шартнома бо ширкати хизматрасони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муайян гардидааст. Кумитаи дин омили асосии болоравии нархи Ҳаҷро афзоиши қурби доллар гуфт, ки соли гузашта арзиши як доллар 4,83 сомониро ташкил медод ва имсол то ба 4,97 сомонӣ боло рафтааст.

“Инчунин, имсол таъмини суғуртаи зоирон низ аз ҷониби Кумита ба роҳ монда шудааст”,-таъкид шудааст дар иттилоияи Кумитаи дин. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, 18 ҳазору 164 сомонӣ чиптаи ҳавопаймо, маблағи равоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, суғурта (бима), кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди бемориҳои сирояткунанда, ҷузвдон, сару либос ва ғайраро дар бар мегирад.
Мӯҳр
Дар тамоми дунё раводиди ҳаҷи фарзи ва умра ройгон мебошад!

махмадулло
дар россия нимаи хамин нарх аст сафари хач дар мо.ин бизнес аст одамоне ки дар хакикатан орзуи хонаи худоро доранд рафта наметавонанд ..ба кавле бояд сахмдор боши боз як намуди бизнес ..Беморхона ё ягон муасисаи давлатиро бояд таъмир куни баъд ичозати хонаи худо медиханд ..ин як намуди кохиш додани мардум аз хонаи худост ..хамаи инро хисоб кунед чи кадар пул мешавад на хар кас метавонад рафта .холо он.ки 99-дар сади мардуми мо мусалмон аст бояд дар мо ба кавле ...лгот... бошад шумо чи мегуед ..

ЧАМОЛ
Точикистон дунёи дигар аст! Ва ин кумитаи дин номаш "ДИН"-аст. дар инчои фасод номи ДИНРО низ паст кардаанд!!! Бо шармандахо ба хамин холашон мегуянд, ки ХНИТ номи Исломро паст кард. Охир фикр нмекунанд, ки инхо чи кор кардестанд..... Бовар кунед ё не бародарон дар Кумитаи дин ин занхо сарличу пойлича мебина дунё дар назарат бад мешавад. ХНИТ соз аст, ки мерай ягон бехичоба намебини...

хочи
Ин чи гапай , дар тамоми дунё кушиш мекунанд, ки арзонтар шавад дар мо бошад хар сол 120$ зиёд мешад.

Бигзор 4,97 доллар бошад вале таксими 3600 шавад 17892 мешавад на 18 164. Баъдан як мсисоли дигар фарз кардем шумо бахонаи нархи хавопайморо хар сол пеш меоваред , 1600 долар мебошад ва ё 1700 о барои чи нархи хавопаймои Киргизистон 1450 долар хаст вале ба замми ин хам инкадар нарх боло нест? фарк байни нархи хавопаймохои ин ду кишвар танхо 150 то 250 хаст 2300+250 мешавад 2800 на 6000.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)