Узбакистон ба “Қирғизфилм” иҷоза надодааст, ки дар Бухоро филм бардорад
Узбакистон ба синамогарони Қирғизистон иҷоза надодааст, ки филми “Қурмонҷон датка”-ро дар Бухоро наворбардорӣ кунанд. Ин филм ба пешвоёни қирғизҳои алайӣ тайи солҳои 1832 то 1876-ро дар бар мегирад.
Рӯзномаи “Вечерний Бишкек” навиштааст, ки коргардони ин филми бадеӣ -- Содиқ Шерниёз тасмим доштааст, ки чанд сужаи онро дар Бухоро навор бигирад. “Аммо ба мо барои наворбардорӣ иҷоза надоданд. Сабабашро вазъи сиёсӣ гуфтанд. Маҷбур шудем, дар ҷануби Қирғизистон он қисматҳоро сабт намоем”,-гуфтааст Шерниёз.
Барои таҳияи филми мазкур, ки аз сӯи “Қирғизфилм” ва “Айтишфилм” анҷом мешавад, ҳукумати Қирғизистон 70 миллион сом, муодили 1,5 миллион доллар ҷудо кардааст. Наворбардории филм беш аз ду сол идома карда, дар он наздики панҷ ҳазор нафар ҷалб шудаанд.
Интизор меравад, нахустнамоиши филм 31 августи соли 2014 дар шаҳри Ош баргузор шавад. Дар оғоз он барои аъзои ҳукумат намоиш дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |