Сироҷиддин Аслов бо Стивенсон, “пуштибон”-и аврупоии Роғун, гуфтугӯ кард
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми июн бо Струан Стивенсон, вакили парлумони Аврупо, ки бо пуштибонияш аз лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон маъруф аст, мулоқот намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУХ зимни мулоқот баробари масоили энергетикӣ инчунин авзои Афғонистон ва натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Иттиҳоди Аврупо муҳокима шудаанд: “Масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика, идораи захираҳои об ва муҳити зист низ дар меҳвари ин мулоқот қарор доштаанд.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Аслов Стивенсонро барои иштирок дар Конфронси минтақавӣ оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳамкории энергетикӣ, ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар 17 июни соли ҷорӣ дар Душанбе ташкил карда мешавад, даъват намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |