Дастгир шудани корбари Фейсбук барои таҳқири президент (АКС)
Мақомоти тоҷик ба иттиҳоми таҳқири Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, як ҷавонро боздошт кардаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаи муътамад хабар дода, изҳор дошт, ки боздоштшуда сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакист.
Ба қавли манбаъ, ин шахс дар Интернет гӯиё расмҳои таҳқиромезро нашр карда, дар ҳаққи раиси ҷумҳур шарҳҳои таҳқиромез менавиштааст. Аммо мусоҳиби мо аз ифшои ҷузъиёти бештари ин қазия худдорӣ намуд. Гузашта аз ин, дафтарҳои матбуоти Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” аз ҷой доштани чунин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.
Ин хабар дар ҳолест, ки рӯзи 4 июн дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расмҳо бо навиштаҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон ва “В+24” нашр шуданд, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гирифта шудаанд. Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии "Ватандор", бо нашри ин аксҳо дар саҳифаи Фейсбукаш гуфт, онро ҷавонон шаби 3 июн навиштаанд, ки зидди Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон равона шудаанд.Аксҳо аз саҳифаи Фейсбуки Додоҷони Атовулло:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |